Тақвияти бехатариву бароҳатии парвозҳо ва васеъ кардани ҷуғрофияи он самти асосии фаъолияти «Сомон Эйр» аст

Февраль 6, 2018 10:04

ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал аз таъсиси ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр»  10 сол сипарӣ шуд. Дар зарфи  солҳои фаъолият ширкат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки ҳамчунин барои рушди бахши ҳавонавардии тоҷик аҳамияти муҳим доранд.

Дар ин бора аз ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр»  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Имрӯз ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз Душанбе ба самти Москва, Дубай, Франкфурти лаби Майн, Санкт-Петербург, Истанбул, Алмаато, Урумчӣ, Краснодар, Новосибирск, Сочи, Екатеринбург, Иркутск, Қазон, Красноярск, Оренбург, Хуҷанд, ҳамчунин аз Хуҷанд ба Москва, Екатеринбург, Қазон, Краснодар, Санкт-Петербург, Новосибирск ва аз Кӯлоб ба Москва парвозҳо анҷом медиҳанд.

Парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» айни замон аз 6 ҳавопаймои Боинг – 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ду ҳавопаймои дигар  соли 2011 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар рӯзи воридшавиашон муаррифӣ гардида буданд. Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ҷоизаи «Брэнди сол» қадрдонӣ шуда, соли 2013 ба палатаи Клирингии ИАТА (Ассотсиатсияи байналмилаии нақлиёти ҳавоӣ) шомил гардид. Ҷоизаи навбатӣ аз ҷониби корпоратсияи «Боинг» барои иҷрои техникиву саривақтии парвозҳо ба роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ соли 2015 супорида шуд.

Дастоварди дигари ширкат, ки на танҳо барои худи ширкат, балки барои кулли авиатсияи тоҷик аҳамияти зиёд дорад, гирифтани нахустин сертификати IOSA (аудити бехатарии истифодаи ИАТА) дар соли 2016 мебошад, ки он қадами нахустин ҷиҳати ворид шудан ба  ИАТА маҳсуб меёбад. Сертификати дуюмӣ соле баъд ба даст омад.

5 сентябри соли 2017 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин шуда, дар Тоҷикистон аъзои  ИАТА гардид. Ин барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дастоварди хеле бузург  аст. Узвият дар ин ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ, бешак ба тақвияти мавқеи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчун интиқолдиҳандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуда,  барои истифодаи таҷрибаи интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбар, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва намудҳои нави хизматрасонӣ, ҳамзамон баланд бардоштани стандартҳои фаъолияти фаврӣ ва осон кардани тартиби бастани созишномаҳо имконият фароҳам меорад ва дар ниҳоят афзалиятҳои ҷиддии рақобат ва кам кардани хароҷотро пешбинӣ менамояд.  Рушду такомули ширкат, тақвияти бехатариву бароҳатии парвозҳо, васеъ кардани ҷуғрофияи парвозҳо ва харидории ҳавопаймоҳои замонавӣ аз тасмими минбаъдаи  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошанд.

 

Февраль 6, 2018 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд