Татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» аз ҷониби коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои сари вақт дарёфт намудани тамоми намуди бемории сил ва бартараф намудани он ба ҷумҳурӣ сол аз сол таҷҳизоту маводи муосир, ҳамчунин дорувориҳои зиддисилӣ бештар ворид карда мешаванд. Дар ин бора зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода ибрози назар кард.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо , «он таҷҳизоте, ки ворид мешаванд, имконият медиҳанд, ки беморон сари вақт аз ташхис гузаронида шуда, бо тамоми намуди доруҳои зиддисилӣ табобат шаванд. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намудҳои доруҳои зиддисилӣ таъмин шудааст ва барои табобати беморони сил ягон душворӣ нест. Инчунин ҳар як бемор метавонад сари вақт дар ҷойҳои истиқомати худ бо доруҳои зиддисилӣ, ки ройгон дода мешаванд, таъмин гардад».
Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор барномаҳои зиддисилӣ ба имзо расидаанд. Яке аз онҳо «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» мебошад, ки Тоҷикистонро аз соли 2007 пурра фаро гирифтааст. Ин барнома дар заминаи тавсеаи усулҳои ба табобати бемор равонагардида шакли мутобиқгаштаи бемории силро амалӣ менамояд.
Бояд зикр намуд, ки соли сипаригардида аз ҷониби гурӯҳи бонуфузи коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» мавриди омўзиш қарор гирифта, натиҷаи он ҳамчун намунаи ибратбахши амалисозии барномаҳои миллӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид.
Ба иттилои А. Раҷабзода, баъд аз амалӣ гардидани барномаи мазкур нишондоди беморони сил, ҳамчунин фавти онҳо сол аз сол коҳиш меёбад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 барои чорабиниҳои зиддисилӣ зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетию инвеститсионӣ барои харидории дорувориҳо, асбобу таҷҳизот ва омўзиши мутахассисон масраф карда шудаанд.
Баҳри беҳбудии ин соҳа ва бартараф намудани беморӣ, ҳамчунин бештар огоҳ намудани аҳолӣ аз ин бемории табобатшаванда Вазорати мазкур пайваста бо мутахассисони соҳа ва дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ семинару вохӯриҳо баргузор менамояд.
Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) баҳри хубтар ба роҳ мондани табобати бемории сил беш аз 100 нафар силшиносони сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллӣ, сиёсатмадорон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО, сил ва табларза, намояндагони дохилию хориҷии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ оварда, доир ба таҷриба, дастовард ва сабақҳои гирифташуда дар самти бемории сил ва усулҳои табобати ба бемор равонагардидаро баррасӣ намуданд.
Тоҷикистон дар қатори 30 кишвари дорои сатҳи баланди шакли мутобиқгаштаи бемории сил ва 18 кишвари муҳими минтақаи аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) оид ба мубориза бар зидди бемории сил қарор дошта, содиқона татбиқи роҳҳои ба бемор равонагардидаи ташхиси бемории сил, табобат ва пешгирии онро ба анҷом мерасонад.
Ибодат ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»






