Вакилони Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истихроҷи кони «Пакрут»-ро ба тасвиб расониданд

Февраль 1, 2018 12:19

ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  /ҶДММ/ «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут»-ро 31 январ вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар назди вакилони Парлумони мамлакат ин масъаларо ташреҳ дод.

Мавсуф гуфт, ки тибқи Созишнома Ширкати «Kryso Resources Limited» ва ҶДММ «Пакрут» сохтмон ва истифодаи кони маъдан, ба роҳ мондани фаъолияти босамари фабрикаи бойгардонӣ, дар марҳилаи якум коркарди маъдан бо иқтидори 660 ҳазор тонна, дар марҳилаи дуюм 660 ҳазор тонна дар як сол, беҳсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳои вобаста ба ин лоиҳаи сармоягузориро ба сомон расонида, ҷиҳати амалигардонии ин корҳо маблағи зарурӣ ҷудо менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки корҳои вобаста ба истифодаи саноатии кони «Пакрут» ҳанӯз  соли 2012 оғоз гардида,  дар ин давра сохтмони 53 километр роҳ, 73 километр хати баландшиддати интиқоли барқ — 110 кВт, таъмири 5 пули кӯҳна ва сохтмони 2 пули нав дар шаҳри Ваҳдат ба анҷом расонида шудааст.

 

 

Февраль 1, 2018 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд