Вазорати саноат ва технологияҳои нав: Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 126 млн долларро ташкил дод

Февраль 13, 2018 15:35

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло гурӯҳи корӣ миёни ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти баррасии муносибатҳои саноатӣ кор бурда истодааст. Дар доираи ин корҳо мо ба шарикони худ рӯйхати молу маҳсулоти содироткунандаро пешниҳод намудем. Дар ин бора Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи вазир, рӯйхати тартибдодаи Вазорат асосан алюминий, пахта, меваҳои тару хушк, газворҳои нассоҷӣ, қисман пилла, маҳсулоти бофандагӣ, қолинбофӣ, ҷӯроббофӣ, шаробҳо, семент ва ғайраро дар бар мегирад.

Шавкат Бобозода гуфт, ки соли сипаригардида ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон тақрибан бо воридоти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баробар буд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2017 гардиши молу маҳсулоти дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 82 фисад боло рафта, 126 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Зикр карда шуд, ки дар сохтори гардиши молу маҳсулот миёни ду давлат 69 млн. доллар ба воридоти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва 57 млн доллар ба  содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рост меояд.

Февраль 13, 2018 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд