24 март-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил

Март 24, 2018 12:21

ДУШАНБЕ, 24.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 24 март дар саросари ҷаҳон,   бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ)   Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҳти  шиори  «Дар мубориза бар зидди бемории сил муттаҳид мешавем»  таҷлил  мегардад. Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии  аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ,  пешгирӣ ва мубориза бар зидди он  мебошад.  Бояд  зикр кард, ки соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли  омӯзиш  дар ташхисгоҳ  барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд.    Бемории сил (БС)  аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.  Аз ин ҷост, ки паҳншавии ин беморӣ  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Мавриди  зикр аст, ки  дар Тоҷикистон  низ  бемории сил яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои муҳими  фаъолияти  соҳаи тандурустии  мамлакат маҳсуб мешавад. Дар ин самт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   як зумра  барномаҳои зиддисилӣ ба имзо расидаанд, ки  «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз  бемории сил»  яке аз   онҳо мебошад.  Бояд гуфт, ки чорабиниҳои ин Барнома  аз соли 2007    аҳолии ҷумҳуриро   пурра фаро гирифтааст.

Бояд таъкид намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи барномаҳои  мазкур  тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар робита ба ин  мавзӯъ  мухбири АМИТ «Ховар» бо  мудири шуъбаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе,  духтури силшинос Саодат ЮСУФОВА ҳамсуҳбат гардид.

«Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда   аст, агар   сари вақт ташхис гардида,   таъиноти дурусти он    ба роҳ монда   шавад. Ин гуна беморон набояд ба   худсарона  ба  табобат машғул шаванд ва бояд пайваста   зери   назорати   табибон  қарор гиранд.  Ин беморӣ   асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва дигар системаҳои   организми инсон   асар мегузорад», — таъкид намуд Саодат Юсуфова.

Номбурда ҳамчунин  зикр намуд, ки ба  Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе  аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  кӯдакони сироятёфта барои табобат муроҷиат мекунанд. Дар соли сипаригашта  дар беморхона 142  нафар кӯдакони мубталои  бемории сил  табобат гирифтанд, ки бештари онҳо аз  ноҳияҳои дурдаст   буданд.  Бояд таъкид  намуд, ки    сабаби асосии ба ин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон    хунукназарона  рафтор  кардани волидайн  нисбат ба ин  беморӣ мебошад. Онҳо ҳангоми бемор шудани  кӯдак  ӯро  худсарона  муолиҷа мекунанду сари вақт ба духтурони минтақавӣ муроҷиат намекунанд.  Пас аз  ба ҳолати вазнин гирифтор шудани кӯдакон  баъд ба духтур муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ,  то ба беморхона омада расидан, аллакай ҳолати кӯдак вазнин мешавад.

«Алҳол дар беморхона 33 нафар кӯдак табобат мегиранд. Беморон тӯли ду моҳ дар беморхона бистарӣ гардида,  дар ҳолати вазнин будани беморӣ  табобати он  то 6 моҳ  идома  меёбад. Дар беморхона беморон   бо хӯроки гарм, ҳамчунин бо дорувориҳои зидди силӣ     дар давоми табобат пурра таъмин  мешаванд. Ҳамаи таъминот дар беморхона пурра ройгон ба роҳ монда шудааст»,- мегӯяд С.Юсуфова.

Хотиррасон менамоем, ки бемории сил табобатшаванда  буда,  ҳар як нафар дар сурати  пайдо  шудани    нишонаҳои  аввалини он   бояд сари вақт ба беморхона ва табибон  муроҷиат кунад.   Донистан муҳим аст, ки  сари вақт муроҷиат кардану табобати лозимаро гирифтан,       паҳншавии  онро  пешгирӣ намуда,  шумо  ва   атрофиёнро аз оқибатҳои нохуши он   эмин медорад.

Худ ва наздиконатонро аз ин беморӣ  эҳтиёт кунед!

 Ибодат ДАВЛАТОВА,

АМИТ «Ховар»

Март 24, 2018 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд