АФСОНАИ АМУНАВРЎЗ – РАМЗИ ОМАДАНИ БАҲОР
ДУШАНБЕ, 23.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Амунаврўз (Онурўз), яке аз афсонаҳои машҳури мардумӣ аст, ки дар он омадани фасли баҳору Наврўз тасвир шудааст. Ин афсона дар шаклҳои гуногун дар кишварҳои ҳамзабони мо Эрон ва Афғонистон вирди заобони мардум аст. Дар баъзе минтақаҳо Амунаврўзро «Онурўз» низ мегўянд. Агар шаклан андаке дигар бошад ҳам, дар маҷмўъ ҳамон Амунаврўз аст. Дар ин бора – профессор Равшан РАҲМОНӢ ба АМИТ «Ховар» чунин ҳикоят намуд.
Ин афсона дар тўли таърих бар асоси устураҳои маъмули мардумӣ пайдо шудааст. Ба гуфти А.Булукбошӣ, яке аз ин устура, ки дар шаҳри Исфаҳон ва атрофи он роиҷ аст, мардум соли кўҳнаро ба як «Аҷузахонум» монанд мекунанд. Ин хонум тамоми шаб интизори омадани «Амунаврўз» мебошад, ки вай рамзи Наврўз аст. Дар байни мардуми тоҷик низ оине бо номи «Айёми Аҷуз» аст, ки он рамзи зимистон буда, ба омадани Наврўз мамоният мерсонад. Вале баҳор пирўз мешавад. Аҷуз (Аҷузкампир) дар ғор пинҳон мешавад, ки ин худ достони тўлонии дигар аст.
Афсонаи Амунаврўз дар аксари минтақаҳои кишвари эронзамин ва дар Афғонистон низ бо номи Аҷузахонум дар баъзе ҷойҳо дар шакли «пирзан», ё «пиразан» низ машҳур аст. Қаҳрамони асосии афсона ду нафаранд: яке Амунаврўз ва дигар Пиразан. Пажўҳандагон бар он назаранд, ки дар ин афсона Амунаврўз рамзи омадани баҳору Наврўз аст ва Пиразан рамзи сармои интизори баҳор. Мазмуни афсонаи «Амунаврўз» чунин аст:
«Дар замонҳои гузашта марде бо номи Амунаврўз мезист. Амунаврўз дар аввали баҳор соле як маротиба аз кўҳ ба поён мефаромад. Ў марди бузургсоли зебое буд. Вай асозанон ба замин мефаромад.
Дар доманаи кўҳ, дар замин боғчае буд. Соҳиби ин боғча пиразане буд, ки ошиқи Наврўз буд. Пиразан медонист, ки субҳи аввали баҳор Амунарўз меояд. Аввал як коса гандумро гирифта месабзонид. Баъд суманак мепухт. Як рўз пеш барои пешвоз гирифтани Амунаврўз омодагӣ мегирифт. Тамоми хонаро оро медод, зеботарин фаршро ба рўи айвон ба истиқболи Амунаврўз паҳн мекард. Дастархони худро бо лаълиҳои ҳафтсин, ҳафтшин, меваҳои хушк, суманак, нону кулчаҳои гирдаи ширмол оро медод. Шамъ фурўзон карда, оина ва китоби муқаддасро дар гўшаи хони наврўзии худ мениҳод. Дар даромади дари боғча сабзаҳо мечид. Баъди ин, пиразани ошиқи Амунаврўз сару рўи худро бо ҳафт ранги баҳорӣ оро медод. Ба танаш низ либосҳои гулгуни баҳорӣ мепўшиду хеле зебо мешуд. Ба гесу, рухсор, пешонӣ, лаб мушку анбар мезад. Дар гўшаи айвон манқали оташро низ рўшан мекард. Дар канори манқал як даста исфанд ҳам мегузошт. Кўзаро низ бо об пур мекарду интизори омадан ва мушарраф шудан ба дидори Амунарўз мешуд. Бо ҳамин омодагии зиёд, хаставу беҳол гашта, шаби охири исфандмоҳ, ҳангоми вуруди Амунаврўз интизораш мемонд. Аз хастагӣ ва интизорӣ ҳанўз субҳ надамида, пилки чашмони пиразан хоболуд мегардад ва аз таъсири кору бори зиёду мондашавӣ ногоҳ хобаш мебарад.
Амунаврўз низ медонист, ки дар сари роҳаш боғчае аст, ҳамин ки аз кўҳ ба поён расид, аввал ба ҳамон боғчаи пиразан медаромад. Барбари расидани Амунаврўз, ки намоди баҳор аст, сабзаҳо за замин намоён мешуданд, дарахтон муғҷа мебастанд, гулҳо мешукуфатанд. Вале пиразан дар хоби ширин буд. Чунон ба хоби ноз рафтааст, ки Амунаврўз чеҳраи зебои ўро дида, бедораш намекунаду худ ба худ мегўяд: «Бечора, чи қадар заҳмат кашидасту омодагӣ гирифтаст, фарши зебои рангоранг, дастархони пурнозу неъмат, манқал, шамъ, кўзаи пуроб…».
Дили Амунаврўз намешавад, ки пирзанро аз ин хоби ширин зебо бедор созад. Ў як гули зебои наврўзӣ аз боғчаи Пиразан канда ба сари синааш мегузорад. Манқали оташро рўшан мекунад. Аз суманак як лес мегирад. Норинҷро ду пора карда, як пораашро мехўрад. Баъд аз рухсори зебои пиразан бўсае мегираду меравад. Сари роҳи ў тамоми мавҷудоти олам мешукуфад. Амнунаврўз роҳашро идома медиҳад.
Офтоб ҳам оҳиста-оҳиста мебарояд. Пиразан ҳам аз расидани гармии офтоб бедор мешаваду гули наврўзиро дар синаи худ мебинад ва давида ба дари боғча меравад, ки Амунаврўзро пешвоз гирад. Мебинад, ки пайи пои касе ба остона расидааст. Зуд ба атроф, дастрахон, манқал менигараду мефаҳмад, ки ба ҳама чиз дасти Амунарўз расидааст. Гулу дарахту сабзаҳои боғча ҳам шукуфта аст. Амунаврўз омадасту рафтаст…
Пиразан бо табассуми ширин ба атроф менигарад, ки тамоми табиат ба шукуфтан оғоз намудааст. Аз дари даричаи боғчааш ба боҳор нозанин менигараду зуд ба даруни хонааш даромада, худ ба худ мегўяд, ки имсол ҳам нашуд, соли оянда ҳатман Амунаврўзро мебинам.
Ана ҳамин тавр ҳазорон сол аст, ки ҳар сол пиразан интизори Амунарвўз аст, вале ҳеҷ гоҳ ўро намебинад. Мегўянд, ки агар пиразан ва Амунаврўз якдигарро бинанд, дунё ба поён мерасад».
Ин афсона хеле машҳур аст. Албатта, афсона решаи устураӣ дорад. Ҳанўз ҳам дар кишварҳои ҳавзаи Наврўз ҳангоми воридшавии баҳору Наврўз оинҳое баргузор мешаванд, ки ба тарзи дигар ҳамин афсонаи «Амунаврўз»-ро ба ёд меоранд.
Масалан, чанд даҳсола пеш дар деҳоти Дастҷурда ва Гулпойгони устони Исфаҳон чанд рўз пеш аз ҷашни Наврўз пирамарде, ҳамчун рамзи Наврўз, ба харе савор шуда, вориди деҳа мешуд. Ў дар хўрҷини худ барои хурдсолон ҳадяҳо низ дошт. Ҳамин ки вориди деҳа мегашт, хурдсолону наврасон ба гирдаш ҷамъ мешуданд. Пирамард ба хурдсолон ҳадяҳо медоду ин мисраҳоро сароида, онҳоро шод менамуд:
Наврўзи пурхурўшам,
Ман як ҳинофурўшам.
Аз роҳ расидаам ман,
Сарморо дидаам ман.
Наврўзаму наврўзам,
Наврўзи дилфурўзам.
Пайки баҳориам ман,
Аз дай фирориам ман.
Гармо зи дар даромад,
Сармо дигар сар омад.
Пажўҳандагон ишорат бар он доранд, ки решаи Амунаврўз ба устураҳои замони бостонӣ пайванд мехўрад. Он аз устураи сумерӣ-аккадӣ, эзади «Думузӣ» гирифта шудааст, ки ба забони аккадӣ «Дуузу» ва дар шакли «Тамуз» низ дида мешавад.
Дар афсонаи «Амунаврўз» намоди пиразан низ ҷолиб аст. Дар устураҳои қавму миллатҳои гуногуни ориёӣ ва ҳамсоягони онон зан, модар ҳамчун офарандаи ҳосилот то замони мо расидааст, ки он бо афсонаи «Амунаврўз» ҳамоҳангӣ дорад. Дар бораи парастиши модаре, ки марбут ба ҳосилоту баракат аст, дар манотиқи шарқи Эрон, ғарби Рум, Байнаннаҳрайн, Миср, Юнон ин навъ устураҳо мавҷуд будааст. Дар ин минтақаҳо номҳои эзадбонуҳои марбут ба модар ба якдигар наздик аст, ки дар оянда бояд ба таври муқоисавӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад. Ҷолиб ин аст, ки нахустин нишонаҳои ин гуна эзадбону ба ҳосилоти замин вобаста аст. Вале устураҳои эзадбонуи сокинони Байнаннаҳрайн хеле печида буда, дар он нишонаҳои зиндагии осмонӣ ва зеризаминӣ омехтааст. Чунин менамояд, ки ин эзадбонуи модарбузург шахсияти мураккаби зеҳни инсон аст. Номҳои сомии ин эзадбону чунин аст: Инанна (дар Сумер), Иштар (дар Бобул), Истарт, ё Анот (дар байни Канъониён). Ҳамчунин онро Ноҳид (ё Зуҳро) низ меноманд. Эзадбонуии Инанна бо эзади мард Думузӣ (Тамуз), ки вай эзади рўёнидани гиёҳону наботот аст, пайванд аст. Дар гузашта эзади Тамузро чунин мепиндоштанд, ки ҳар сол мемирад ва дубора зода мешавад. Вале дар байни мардум эзадбонуе будааст, ки дар ҷустуҷўи замине аст, ки мувақатан борвариашро аз даст дода, дар оғози баҳор эҳё мегардидааст. Яке аз ривоятҳои ин устура «Фуруди Инанна ба ҷаҳони зерин» ном дорад.
Пажўҳандагон эзади Тамузро вобаста ба баракат ва борварӣ медонанд. Ҳамчунин онро пайванд бо Инанна, ки илоҳии ишқ ва зиндагӣ аст медонанд. Гўё ин эзад бо гузашти замон аз Сумер ба минтақаҳои дигар паҳн шудааст. Устурашиносон бар он ақидаанд, ки ин устура шаклашро дигар карда, дар миёни қавмҳои ориёӣ дар шакли Сиёвуш ва Судоба густариш ёфтааст. Баъдҳо устураҳои вобаста ба эҳёи табиат Думузӣ (Тамуз), ё Амунаврўз, дар шакли дигар ба самти Ҳинд меравад. Ҳамчунин аз Байнаннаҳрайн ба Лубнон ва Миср густариш меёбад. Дар садаи 4 мелодӣ дар руми шарқӣ, яъне Византия дар шакли Бобонуил медарояд.
Баъдҳо дар баъзе минтақаҳои Эрон ин устура ба худ шакли Ҳоҷифирўзро мегирад, ки намоде аз мурдагон мебошад. Вай аз зери замин берун меояд ва ба рўяш сиёҳӣ мезанад ва шодибахш аст. Баъзеҳо бар он назаранд, ки сиёҳ буданаш намояндаи Сиёвуш будан аст. Аммо устураи Ҳоҷифирўз баркатбахшидан ва зояндагиро, ки дар асли устура аст, надорад. Ин навъ устураҳо дар баъзе ҷойҳои Эрон ба шакли афсонаи Амунаврўз даромадааст, ки он намоди ҳадиябахш ва баракатро дорад. Агар устураи Амунаврўз бо устураҳои бостонӣ муқоиса шавад дар он шабоҳатҳоеро метавон пайдо кард. Масалан, ба гуфти Меҳрдоди Баҳор Амунаврўз зане ҳам дорад, ки номи вай Нанасармо (Пиразан) аст, ки он ҳамон Инанна ва Думузӣ (Тамуз)-ро ба ёд меорад.
Ин аст, ки бо гузашти замон устураи Амунаврўз дар шакли афсона даромадааст. Дар минтақаи Систон варианти дигари ҳамин афсона бо номи Бибинаврўз ва ё Бибигулафрўз нақл карда мешавад. Дар Афғонистон ин афсона бо номи «Бобанаврўз», «Бибинаврўз», «Нанаврўз», дар баъзе ҷойҳо «Холанаврўз» вирди забони мардум аст.
Чунин устура ва афсонаҳо аз замонҳои бостон то рўзгори мо расидаанд. Вале онҳо то чи ҳадде ба афсонаҳое, ки ба замони мо расидаанд пайванд ҳастанд, бояд ба таври муқоисавӣ мавриди пажўҳиш қарор бигиранд.
Афсонаи Амунаврўз ва устураҳои дигар рамзи омадани баҳору Наврўзи нозанин аст.