АРМУҒОНИ ТОҶИКӢ. Биёед нашри китобчаҳои мунаққаши ашъори шоирони бузургамонро ба забонҳои гуногун, инчунин истеҳсоли нишонҳо, бастаҳои ғӯлинг, донак, мавиз, бодом ва ғайраро бо рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манзараҳои зебои он ба роҳ монем

Март 28, 2018 15:45

ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ба муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудаанд.

Зимни Паём Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфта, барои боло бурдани зиндагии мардум дастуру супоришҳо доданд ва бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ  Сарвари давлат   пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.  Пешниҳоди мазкур барои рушд додани ҳунарҳои халқӣ, дарёфти ҳунармандони болаёқат ва ҷалб кардани таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистони биҳиштосои  равона шуда буд.

Туризм яке аз соҳаҳои сердаромад шуморида шуда, барои таъмин намудани ҷойҳои нави корӣ, пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва мустаҳкам кардани робитаи дӯстӣ бо дигар халқияту миллатҳои гуногун таъсири мусбат мерасонад.

Дар баробари рушди туризм аҳолиро зарур аст, ки истеҳсоли молҳои ниёзи мардумро дар хона бо сифати хуб ба роҳ монанд ва дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши созгор гузоранд. Зеро ин яке аз воситаҳои муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад.

Дар ин росто агар дар ҳама мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои кишварамон савдои армуғонҳои миллиро, аз қабили маснуоти заргарӣ, зардӯзӣ, зардеворӣ, сӯзанӣ, кашидадӯзӣ, асбоби мусиқӣ, бозичаҳои гуногуни сафолин, дар заминаи афсонаҳою ривоятҳои халқӣ буклету албомҳои мусаввар, китобчаҳои мунаққаши ашъори шуарои классик ба забонҳои англисӣ, франсузӣ, чинӣ, немисӣ, японӣ, нишонҳо, бастаҳои ғӯлинг, донак, мавиз, бодом, печаку набот ва ғайраро бо рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манзараҳои зебои он ба роҳ монем, ин сабаби он хоҳад гардид, ки ҳам ба мардум даромад шаваду ҳам ба буҷети ҷумҳурӣ.

Яке аз дастгириҳои муҳиму саривақтии Сарвари дилсӯзу ғамхор ин аст, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.

Боиси ифтихори тамоми тоҷикон аст, ки Тоҷикистон дар раддабандии ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон  шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

Дар робита ба ин нишондиҳандаҳои тарғиботӣ Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ ва имкониятҳои дигари мавҷударо ҷиҳати боз ҳам рушд додани саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб намояд.

Маврид ба зикр аст, ки  бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.

Дастгирии навбатии Пешвои миллат ҷиҳати то 10 рӯз тамдид намудани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат пешниҳод гардид, иқдоми ниҳоят саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамониати сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ва ҷалби васеи сайёҳон ба ҷумҳурӣ такони хуб хоҳад бахшид.

Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои худшиносии миллӣ,  фарҳанги миллӣ,  рисолати давлатдорӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ,  эҳёи суннатҳои таърихӣ,  фарҳанги қадимии ниёгон,  санъати амалии халқӣ, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, меъморӣ, кулолгарӣ, хусусан санъати заргарӣ эҳё гардида, ривоҷ меёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид  ба  зарурати омӯзиши мероси таърихии халқи тоҷик чунин ибрози ақида намудаанд: «Яке  аз  сарчашмаҳои худшиносии миллӣ,  ки решаҳои шукуфони маънавию фарҳангии халқи моро шодоб мегардонад,  ин  мероси таърихӣ бо мафҳуми васеаш ва хотираи таърихӣ мебошад, ки дар  дастовардҳои фарҳангии илмӣ, хираду заковати давлатдорӣ ва ҳашамату бузургии рӯҳи гузаштагонамон инъикос ёфтааст.  Бе такя ба  ин   гузаштаи пурмазмун мо  дар  ҳеҷ соҳае  ба  пешравӣ ноил гардида  наметавонем».

Тарғиби касбу ҳунар дар адабиёти тоҷик ҳанӯз аз давраҳои қадими авестоӣ ва баъди он аз замони Рӯдакӣ мақоми хосса пайдо карда буд. Шоири тавонои халқи тоҷик Сайидо дар «Шаҳрошӯб»-и худ ба масъалаи инъикоси касбу ҳунар диққати ҷиддӣ додааст.

Барои аз худ намудани касб ва интихоби ҳунарҳои мардумӣ адибони классики тоҷику форс дар асарҳои хеш фикрҳои ҷолиб баён карда буданд.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ  дар  китоби  худ  «Футувватномаи Султонӣ»  овардааст, ки ба интихоби касбу ҳунар бо камоли ҷиддият ва мулоҳизаи тамом бояд нигарист. Чунки  дар  аксар мавридҳо интихоби касбу ҳунар мисли ҳаводиси азалӣ  ё  воҷибот тамоми равиши  умри  инсонро муайян  карда  метавонанд.   Яъне  «….ҳарки манфиат гирад ва нафъ  нарасонад,  кор накарда бошад.  Пас  ҳар  ки  аз  дарвешон  ба  касбе машғул нашавад,  бори  худ  ба  гардани мардум ниҳода бошад ва сабаби ранҷи оламиён шуда ва  он  дар  тариқ равона бувад…»

Мувофиқи нишондоди  Кошифӣ,  барои эҳтиёҷоти ҳаёти худро ба сурат овардан одамон бояд касберо  пеш  гиранд. Санъати заргарӣ ҳунари истеҳсоли маснуъоти бадеӣ аз фулузот,  сангҳои қиматбаҳо,  устухони  фил, садаф ва марворид мебошад.

Абӯрайҳони Берунӣ зикр намудааст, ки «ниёгони мо – бохтариҳо, суғдиён, хоразмиён – дар баробари қитбиён, бобулиён, ҳиндувон, юнониён ва дигар қавмҳои бостонӣ маълумоти гаронмояи илмӣ андӯхта, ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла, касби заргариро хеле ривоҷ додаанд» (Осор-ул-боқия).

Ҳамаи сарчашмаҳои таърихӣ, алалхусус «Хазинаи Амударё» аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми Хатлонзамин, хусусан Кӯлоби бостонӣ касбу кори заргариро хеле ривоҷу равнақ дода, ба дараҷаи баланди санъати амалии халқи тоҷик табдил додаанд.

Дар солҳои Истиқлолият касби заргарӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб хеле инкишоф ёфт ва ҳунармандони кӯлобӣ қулфи гиребон, силсила, дастпонаҳои чаладор, саркитфӣ, ангуштарин, гӯшвораҳои қафасӣ, муҳаммадӣ, зиреҳи гардан, муҳраи гардан, гӯякчаи кокул, гашничаки гардан, тангаи дастадор ва дигар маснуоти заргарӣ истеҳсол намуда, пешкаши мизоҷон намуданд. Дар Кӯлоби бостонӣ оилаҳои зиёде ба касби заргарӣ машғул мебошанд, ки машҳуртарини онҳо оилаи Шоиновҳо аз деҳаи Сариосиёб, Ҳакимовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Бобоевҳо аз кӯчаи Нонбои поён, усто Очил аз деҳаи Тебалай, Шариповҳо ва фарзандони усто Толиб аз кӯчаи Якуми май, Ғаффоровҳо ва усто Набиҷон аз кӯчаи Нонбои поён, Ҳакимовҳо аз кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев ва ғайраҳо мебошанд.

Намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла, касби заргарӣ аз беҳтарин ва муҳимтарин санъати амалии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз қаъри ҳазорсолаҳо беҳтарин хислатҳои тавъам ба мафҳуми зебоӣ, зебоипарастӣ ва табъи баланди ҳунармандони Кӯлобзаминро дар худ таҷассум намудааст.

Касби заргарӣ дар осори шоирони классики форсу тоҷик ва муосири тоҷик инъикос гардидааст. Шоири тавоно, шаҳир ва шӯҳратёри халқи тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ дар «Шаҳрошӯб» — и худ оид ба касби заргарӣ мисраъҳои зеринро овардааст:

Ҳарки як дам ҳамдами он дилбари заргар шавад,

Санг гирад, лаъл гардад, хок гирад, зар шавад.

Ёди васли он бути заргар маро дар ҷӯш кард,

Хонаи ман омад имшаб, ҳалқаҳо бар гӯш кард.

Дилбари заргар, ки бошад рашки моҳу муштарӣ,

Хонаи худ бурдам ӯро бар забони заргарӣ…

Дар «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ зиёда аз 250  намуд касбҳои мардумӣ инъикос гардидаанд. Масалан барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ барои бошуурона интихоб кардани касбу ҳунар кумаки калон расонида метавонад.

Дар солҳои Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони халқӣ, алалхусус заргаронро ҳаматарафа дастгирӣ намуд, ки ин амал сабаби ривоҷи касби заргарӣ гардида, асарҳои нотакрори санъати заргарӣ тавлид ёфтанд.

Ногуфта намонад, ки иқдоми шоистаи Сарвари давлат, яъне эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ мегардад.

Фирӯзи САИДМУЪМИН,

мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб,

Ҳасан ШОИНОВ,

саромӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,

Ҳабибулло  НОЗИМОВ,

саромӯзгори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Март 28, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қатар инъикоси мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира» баррасӣ шуд
САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ОЯНДАДОР АСТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб се меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон дар асоси «Харитаи роҳ» ҳамкориро вусъат мебахшанд
«Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
ҶАШНИ ТИРГОН. Он ҳамчун воситаи маъмули сайёҳии миллӣ муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори сайёҳии минтақаи CAREC иштирок намуд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
«БАДАХШОН – ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН». Суратгузориш аз Форуми сайёҳӣ дар шаҳри Хоруғ
«OH TAJIKISTAN». Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ муаррифии видеролики таблиғотӣ доир гардид
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардид