Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Қатар

Март 26, 2018 09:05

ДУШАНБЕ, 26.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи 22 марти соли 2018 сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Давҳа чорабинии муштараки фарҳангиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ташкил намуданд. Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, доираҳои илмию фарҳангӣ ва васоити ахбори оммаи Қатар ширкат варзиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти чорабинӣ филм дар бораи таърих ва суннатҳои ҷашни Наврӯз зери унвони “Тоҷикистон меҳани Наврӯз аст” ва инчунин мавзеъҳои саёҳатӣ, таърихию фарҳангӣ ва осори ҳунарҳои миллии тоҷикон намоиш дода шуд.

Март 26, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад