Азим Иброҳим: имкониятҳои афзун намудани гардиши савдои хориҷӣ бо Қирғизистон зиёданд

Март 25, 2018 16:47

ДУШАНБЕ, 25.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласа иборат аз 17 банд ва фарогири баррасии масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои самаранок истифода бурдани захираҳои обу энергетикӣ, саноат, кишоварзӣ, илму маъориф, тандурустӣ, гумрук, мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодиву молиявӣ, рушди сайёҳӣ, нақлиёту хизматрасонӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, наздисарҳадӣ, интиқоли молу коло тавассути роҳҳои автомобилгарди ҳарду кишвар буд.

Иттилоъ дода шуд, ки гардиши савдои хориҷии байни ду кишвар дар соли 2017 ба 49,6 миллион баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2016 қариб ду маротиб зиёд аст. Агар ҳиссаи гардиши савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон нисбат ба гардиши савдои хориҷии умумӣ дар соли 2016-ум 0,7%-ро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда дар соли 2017 ба 1,4% баробар гардид. Аммо бо назардошти он ки имкониятҳои ҳарду кишвар дар ин самт ба маротиб зиёдтар мебошанд ва имконияти воқеии афзун намудани гардиши савдои хориҷӣ то 3-4 маротиби дигар вуҷуд дорад, ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ Азим Иброҳим  ва Дайир Кенекеев ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки бозори истеҳсоливу истеъмолии ҳарду кишварро пурра омӯхта, барои ноил гардидан ба дастовардҳои беҳтар пешниҳодҳои мушаххасро таҳия ва ба ҳамраисони ҳарду комиссия пешниҳод намоянд.

Азим Иброҳим махсус қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистонро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ мешуморад ва барои фароҳам овардани  заминаи муносиб барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи  мутақобилан судманд бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода хоҳад намуд.

Махсус бояд қайд кард, ки зимни гузаронидани ҷаласа аз ҷониби ҳарду тараф рағбати ривоҷ додани ҳамкориҳо эҳсос мегардид. Натиҷагирии ҷаласа бо арҷгузории манфиатҳои ҳарду ҷониб ва бо ба имзо расонидани Протокол кори худро ба анҷом расонид.

 

Март 25, 2018 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад