БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАВОДОРОНИ ФУТБОЛ: Шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» аз ҷараёни бозии дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон гузориши мустақим пахш мекунанд
ДУШАНБЕ, 27.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 март дар шаҳри Манила баргузор мегардад, мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» намоиш дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон дар Варзишгоҳи ёдбуди «Хосе Ризал»-и шаҳри Манила, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






