БАХШИДА БА НАВРӮЗ: Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ шуруъ гардид

Март 21, 2018 10:35

ДУШАНБЕ, 21.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз  20 то 30 марти соли равон  бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи маҳал  баргузор мешавад.  Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз се марҳила: маҳаллӣ (деҳа, ҷамоату деҳот ва шаҳру ноҳияҳо), минтақавӣ (вилоятӣ) ва ҷумҳуриявӣ иборат буда,   марҳилаи дуюм дар сатҳи минтақавӣ аз 20 то 30 июн дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ доир мегардад. Ҳамчунин  марҳилаи сеюми  Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ- аз 7 то 10 сентябри соли 2018 баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи  Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо таҳлили коршиносон ва пешниҳоди мутахассисони соҳа тартиб дода шуда, наврасону ҷавонони аз 14 то 30 сола метавонанд дар он аз рӯи 2 намуди бозиҳо: намудҳои сабқат, рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ иштирок кунанд.  Ба намуди бозиҳои  сабқат ва рақобати даставӣ гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр), шоҳмот ва
бандкашӣ дохил мешаванд.

Ба намудҳои бозиҳои намоишӣ  хурусҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камолғулак, фалахмолпартоӣ, ҳойталак ва бандпарак дохил шуда, ҷараёни оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба маърази тамошои мардум гузошта мешавад.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда,  мақсади  асосии он  эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас ва ҷавонон мебошад.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъолро Ҷом, диплом, сипоснома ва туҳфаҳо интизоранд.

Март 21, 2018 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад