Дар Бразилия ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунандаи умумиҷаҳонии Конфронси душанбегии байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид

Март 20, 2018 17:23

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 марти соли равон дар шаҳри Бразилия ҷаласаи умумиҷаҳонии Конфронси душанбегии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.

Дар ин бора  ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси кумитаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Султон Раҳимзода баргузор гардида, дар он аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи байналмилалӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа  иштирокчиён  лоиҳаи барномаи конфронс, мавзӯъ ва  формати ҷаласа, инчунин масъалаҳо вобаста ба робитаҳои тарафайни қабл аз оғози конфронс бо барномаҳои асосии он ва дигар масъалаҳои ташкилии кори ҷаласа баррасӣ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки 22 март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии махсус оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва 20 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба тадбиқи Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории 177 мамлакати ҷаҳон эълон гардидааст, баргузор мегардад.

 

Март 20, 2018 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад