Дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ шуруъ гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, шоми дирӯз нахустин корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд оғоз гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокоимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» аз наздик шинос гардида, ба роҳсозон баҳри сифатан беҳтар кардани корҳо дастуру супоришҳо дод. Бояд қайд намуд, ки ин кӯча 3, 5 километр дарозӣ дорад ва он ба пуррагӣ мумфарш карда мешавад.
Бино ба гуфтаи роҳбари КД «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд Салим Юнусов, ин оғози корҳои мумфаршкунӣ дар соли 2018 буда, то охири сол беш аз 30 километр роҳҳои дохилии шаҳр мумфарш карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






