Дар ноҳияи Файзобод кӯдакистону бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Март 21, 2018 10:14

ФАЙЗОБОД, 21.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони  ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод  ба созандагию бунёдкорӣ машғул буда, бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон  Ҷаҳонгир Боев дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муассисаи таълимии замонавӣ барои сокинони деҳаи Навбунёд бо 200 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Хамисавра бо таъмини таҷҳизоти замонавӣ, хатти оби нӯшокӣ барои сокинони деҳаи Арзанова аз масофаи 7,5 км бо таҷҳизонидани ҳисобкунакҳои замонавӣ, нуқтаи истироҳати сайёҳон дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ ва барои ҷавонони ду деҳа варзишгоҳҳои замонавӣ  мавриди истифода  қарор гирифтанд.

Инчунин  дар ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия кӯдакистони   наву замонавӣ барои 100 нафар кӯдакон  ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ, созмонҳои хориҷӣ, буҷаи ноҳия ва ҳашарҳои умумии мардум сохта ба истифода дода шуданд. Сокинони ноҳия аз иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ  ва дастгирӣ намудани раиси ноҳия хурсанд буда,  пайваста барои ободу зебо гардонидани диёри худ ва  фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои фарзандонашон дар маҳал, аз қабили бунёди роҳу пулҳо, сохтани марказҳои фарҳангӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимию синфхонаҳои иловагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Файзобод, дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнҳои миллӣ дар соли 2018 дар ҳудуди ноҳия 37 иншооти аҳамияти ҷамъиятидоштаро ба истифода медиҳанд, ки дар он сурат зиёда аз  200 ҷойҳои нави кори доимӣ пайдо мегардад.

 

 

Март 21, 2018 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад