Дар шаҳри Роғун бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, ки дар НБО-и Роғун фаъолият доранд, Иди Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн гирифтанд

Март 23, 2018 11:35

РОҒУН, 23.03.2018, /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун бо иштироки васеи сокинону ҳунармандон ва аҳли адабу меҳмонони хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Украина, Эрон, Хитой, Италия Қазоқистон ва дигар мамлакатҳои Осиёи Миёна, ки дар НБО-и Роғун фаъолият доранд, Иди Наврӯзи хуҷастапайро бо шукӯҳи хосса таҷлил намуданд.
Дар чорабинии идона раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ва оғози фасли баҳор сокинону меҳмононро самимона табрик гуфта, ҳозиринро ба таҳкими дӯстӣ, поксозии қалбҳо ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуд. Барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ аз сокинон даъват намуд, ки ҳар як оила ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон, сарфаю сариштакорӣ, риояи низому тартибот ва волоияти қонун эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Дар ҷашни наврӯзи байналмилалӣ дастурхони идонаи «ҳафтсину ҳафтшин» бо суманак ва дигар хӯрокҳои миллӣ ороста шуд. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаи ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои косибӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводи таблиғотӣ доир ба муаррифии симои ҷумҳурӣ манзури меҳмонону сокинон гардонида шуд. Инчунин аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ барои хурсандии кӯдакону наврасон ва сокинони аз роҳҳои дур омада, зиёда аз 30 намуд хурокҳои миллӣ омода намуда, ройгон ба сокинон пешниҳод гардонида шуд.
Дар чорабинии фарҳангии идонаи Наврӯзӣ намунаи фарҳангу санъати минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баҳри меҳмонону сокинони шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки иштирокчиён аз тамошои ин ҳунарнамоӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Хотирнишон менамоем, ки сокинони шаҳри Роғун баҳри ободу зебо гардонидани диёри худ дар арафаи иди Наврӯз зиёда аз 5000 бех дарахтони сояафкану мевадиҳандаю ороишӣ шинондаанд, ки ба ҳусни шаҳру маҳаллаҳои аҳолинишин ҳусну таровати тоза мебахшад.

Март 23, 2018 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд