Гўшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Берлин бо тарҳи ҷадид муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи сиёсати «дарҳои кушод»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро зери шиори «Тоҷикистон -кишвари сайёҳӣ» бо тарҳи нав ва унсурҳои миллӣ, ки инъикосгари захираҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар мебошад, 7-11 марти соли 2018 дар калонтарин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ҷаҳон «ITB-Берлин» пешниҳоди дӯстдорону ҳаводорони сайру саёҳати ҷаҳон мегардонанд.
Дар чорабинии мазкур 30 нафар намояндагон аз 16 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Намоишгоҳи мазкур якҷоя бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо ҷалби ширкатҳои ватанӣ ва олмонӣ вохӯрӣ доир намояд. Дар чорабинии мазкур имкониятҳои сайёҳии кишвар ба ҳамтоёни олмонӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Қобили тазаккур аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Берлин» ҳамасола таҳти ҳамоҳангии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад ва иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар намоишгоҳи мазкур, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, барои таблиғи захираҳои сайёҳии кишвар хеле судбахш мебошад.
Ҳамзамон, чун анъана дар доираи Намоишгоҳ вохўрии вазирони мақомоти сайёҳии кишварҳои масири Шоҳроҳи Абрешим баргузор мешавад.








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






