ИҚДОМИ НЕК: дар шаҳри Исфара Бозори доимамалкунандаи фурӯши молу маҳсулоти Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид

Март 27, 2018 13:21

ДУШАНБЕ, 27.03.2018./АМИТ “Ховар”/. Дирӯз  дар маркази шаҳри Исфара Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки  бозори мазкур дар асоси қарори ҷаласаи машваратии назди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода  ба хотири таъмини фаровонии бозори дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ба соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя, ки бо маҳсулоти босифату нисбатан арзон вориди шаҳр мегарданд, ифтитоҳ гардид.

Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон доимоамалкунанда буда, дар қитъаи алоҳидаи бозори «Навбаҳор», воқеъ дар гардишгоҳи маҳаллаи «Баҳор»-и маркази шаҳр таъсис дода шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара С. Саломзода  зимни боздид ва суҳбату мулоқот бо тоҷирони кишвари ҳамсоя ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонии бозор ва беҳдошти фаъолияти иншоотҳои хизматрасонӣ, инчунин ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва будубоши бемамонияти соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя дастурҳои мушаххас дод.

Тавре зимни боздиду мулоқот бо тоҷирону хардорони маҳаллӣ  маълум гардид, аз фароҳам сохтани чунин як шароити созгор на танҳо сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳади ҷумҳурии ҳамсоя, ки ба бозори Исфара молу маҳсулот ворид намудаанд, балки сокинони шаҳр низ хурсанду  қаноатманд гардидаанд.

Март 27, 2018 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!