Ифтитоҳи иншооти фароғатии «Дунёи афсона» дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»

Март 19, 2018 17:25

ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 19 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии «Дунёи афсона» — ро барои кӯдакони хуштолеъи кишвар мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи маҷмааи «Дунёи афсона» — ро Корхонаи Воҳиди Давлатии “Лоиҳакаш” — и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” таҳия карда, онро дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд.

«Дунёи афсона» дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.

Маҷмааи дилхушии кӯдаконаи «Дунёи афсона» бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, нишона аз таваҷҷӯҳи беандозаи Сарвари давлат нисбат ба насли ояндаи кишвар мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити муосири маҷмаа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон барои бештар намудани шумораи чунин марказҳои дилхушӣ барои кудакону наврасон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.

Дар рӯзи ифтитоҳи “Дунёи афсона” яке аз аввалинҳо шуда, 20 нафар кӯдакон, ки дар асоси иқдомҳои навбатии инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ройгон ҷарроҳии  нуқсонҳои модарзодии дил гузарониданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Пас аз гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ин кӯдакон комилан саломату бардам гардида, имкон пайдо карданд, ки ба мисли дигар ҳамсолони худ  ба бозиҳои серҳаракат машғул шаванд.  Кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон, Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Падару модарони кудакони ҷарроҳишуда, ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдории худро баён доштанд, зеро табобати чунин бемориҳои дил дар хориҷи кишвар ва он ҳам бо харҷи зиёди маблағ гузаронида мешуд.

Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи “Дунёи афсона” барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.

Хурсандибахш он аст, ки дар ин маҷмааи навбунёд даҳҳо нафар занону мардон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Ифтитоҳи иншооти фароғатии “Дунёи афсона” дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” 19.03.2018

Март 19, 2018 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд