Ифтитоҳи Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Март 31, 2018 13:19

ДУШАНБЕ, 31.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ ва огоҳкунии шуъояш баланд мутобиқ ба талаботҳои дараҷаи якуми “ИКАО” — Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ бо маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохта шудааст.

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар дилхоҳ вақти шабонарузӣ, новобаста аз вазъи ҳаво ба сифати баланд ба амал бароварда шавад.

Лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” аз соли 2013 дар се марҳила оғоз шуда, имрӯз дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Марҳилаи якум иҷроиши корҳо оид ба мумфаршкунии хатти парвозу фурудоӣ, омода кардани он барои минбаъд васлу насб намудани таҷҳизоти рушноидиҳӣ, давраи дуюм таъминот ва васлу насби таҷҳизоти рушноидиҳӣ-огоҳкунии шуъояш баланд ва марҳилаи сеюм васлу насби системаи нави фурудоии ИЛС аз самти магнитии 258 дараҷаро дар бар мегирифт.

Зимни шиносоӣ бо марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таъмини сатҳи баланди бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳҳои мамлакат ба талаботҳо ва стандартҳои байналмилалӣ ва дар ин замина васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ташкили хатсайрҳои нав ба самтҳои хориҷи дуру наздик ва афзоиши ҳаҷми мусофиркашонии байналмилалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дастуру супоришҳо доданд.

Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз соли 2016 бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳо оид ба васеъкунии роҳҳои гардишӣ ва васеъ намудани ҳудуди перрони фурудгоҳ ба амал бароварда мешавад. Ин корҳо бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати таёраҳои калонҳаҷм дар перрон ҳангоми гардиш ва озодона ҳаракат кардану ҷойгир намудани онҳо дар истгоҳҳо амалӣ мегардад.

Соли 2017 дар фурудгоҳ масоҳати зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ мумфарш карда шуд. Қисми зиёди он асосан барои дароз намудани хатти парвоз, васеъкунии роҳҳои гардиш, васеъ кардани перрони фурудгоҳ ва истгоҳи ҳавопаймоҳо сарф гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2017 низ зимни як сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як қатор иншооти таъиноти гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла “Толори ҷавонон” бо 250 ҷойи нишаст ва “Тарабхонаи ҷавонон”  ифтитоҳ гардида буд.

Корҳои навсозӣ ва таҷҳизонидани биноҳои ҳудуди фурудгоҳ аз ҳисоби маблағҳои худи фурудгоҳ анҷом дода шуданд. Ба хотири ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани хизматрасонии он тамоми ашёву таҷҳизоти нав васлу насб карда шуда, бо нақшу нигори миллӣ ва дигар мизу курсиҳои зебову диққатҷалбкунана сохта шудааст .

Роҳҳои шафат ва ҳудуди фурудгоҳ азнавсозӣ ва мумфарш карда шуд. Атрофи роҳҳо бо дарахтони зиёди ороишӣ ва гулҳои рангоранг оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои анҷоми корҳои ободонӣ ва дастгирии иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.

Баъди анҷоми бобарори сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят 31 март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони вилояти Суғд бо нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаи Сарвари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарзамин, бо шаҳомати хоса гусел намуданд.
Ифтитоҳи Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 31.03.2018

Март 31, 2018 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд