Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии амрикоӣ муаррифӣ гардиданд

Март 17, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 17.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ вохўрии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо Президенти ширкати амрикоии “Rovia” (Ровиа) Ҷим Менҷ баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумита Ширин Амонзода вобаста ба дастгирии давлатии бахши сайёҳӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ва пешниҳоди имтиёзҳо сухан гуфта, омодагии ширкатҳои сайёҳиро барои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо ширкатҳои амрикоӣ барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ иброз намуд.

Президенти ширкати амрикоии “Rovia” зикр намуд, ки барои ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкатҳои сайёҳии тоҷикистонӣ омода буда, ҷиҳати ҷалби васеи сайёҳони кишвари Амрико ба ин сарзамини биҳиштосо кӯшиш менамояд.

Қобили зикр аст, ки “Rovia” яке аз ширкатҳои сафарии пешқадами саноатӣ ва таъминкунандаи хизматрасонии маҷмўӣ, пешниҳодҳои калидӣ барои шарикони тиҷоратӣ ва ширкатҳои сайёҳии аъзо мебошад. Инчунин ширкат тавассути шабакаҳои васеи шарикони асосӣ сафарҳои омўзиширо барои истироҳат дар саросари ҷаҳон пешниҳод менамояд.

Иқтидори ширкат хеле бузург буда, соли 2016 бо ташкили 6000 сафар ва хизматрасонӣ ба 800 000 мусофир, инчунин  гурӯҳҳоро ба 80 мамлакати дунё ва мусофиронро ба 170 давлати ҷаҳон равона намудааст.

Дар вохўрӣ захира ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат аз тариқи муаррифӣ ва роликҳои таблиғотӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикории Ватанамонро муаррифӣ намуданд.

 

Март 17, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад