ИНСОНИ НАКӮКОР. Чанд хотираи кӯтоҳ аз академик Талбак Назаров
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсат, дипломатия ва илму адаби Тоҷикистон Талбак Назаров ба синни мубораки 80 расид. Ӯ академик, доктори илмҳои иқтисодӣ (1975) буда, дар вазифаҳои муовини декан, мудири кафедра, декани факултети иқтисодии УДТ (ҳоло ДМТ, 1965-1980), депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, депутати Шӯрои Олии СССР (1980), Ректори УДТ (ҳоло ДМТ, 1982-1988), Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (1986-1988), Вазири маорифи Тоҷикистон (1988-1991), муовини аввали Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1990-1991), ноиби Президенти АИ ҶТ (1991-1994), Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (1994), Вазири корҳои хориҷии ҶТ (1994-2006), узви раёсати АИ ҶТ (аз соли 2008 то ҳол) фаъолият намудааст. Ҳоло раиси Бунёди хайрияи ҶТ (аз соли 2008) мебошад.
Академик Талбак Назаров муаллифи беш аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 10 рисола, даҳҳо мақолаю китобҳо оид ба масъалаҳои иқтисодиёт, сиёсат, дипломатия, дӯстии халқҳо, равобити байналмилалӣ ва ғайра, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба илм (2003), орденҳои «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998), «Дӯстӣ»(1999), «Рубиновый Крест» («Салиби ёқутӣ»)-и Бунёди байналмилалии хайриявии «Сарпарастони садсола» («Меценаты столетия», Россия, 2005), «Дружба «(«Дӯстӣ», Россия), «Ситораи Иттиҳод» (ИДМ, 2015), ҷоизаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (2009) ва мукофотҳои дигар мебошад.
АМИТ «Ховар» яке аз дӯстони доимии худ устод Талбак Назаровро бо ҷашни мавлуд ва Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуда, барояш умри дароз ва саодати хонадон орзу менамояд ва чанд хотираи профессор Равшан РАҲМОНИРО дар бораааш пешниҳоди хонандагон мегардонад.
…Солҳост мехоҳам, ки аз хислатҳои ин шахси мӯътабару накӯкор ёдовар бишавам. Вале аз сабаби ҳамеша дар вазифаҳои масъули давлатӣ буданашон инро ба худ эб намедонистам. Ҳоло ки эшон давлати пирӣ меронанду муҳтоҷи суханони ман ҳам нестанд, метавонам он чизеро, ки солҳо дар дил доштам, бигӯям.
Академик Талбак Назаров донишманди беҳтарин, сиёсатмадори дурбин, фарҳангдӯсти некхоҳ, инсони ҳалиму меҳрубон ва одамшиносанд. Дар асл фаъолияти устод Талбак Назаров чанд самтро дарбар мегирад: аввал пажӯҳиш ва таълими илми иқтисод, баъдан тарбияи кадрҳо, сеюм роҳбарӣ дар муассисаҳои давлатӣ, чаҳорум сиёсат ва ғайра. Умедворем, ки дар оянда ҳар кадоме аз самтҳои фаъолияти устоди азиз аз ҷониби соҳибназарон мавриди арёзбии илмӣ қарор хоҳад гирифт.
Банда, ки филолог ҳастам, ҳамчун рамзи эҳтиром чанд лаҳзаи хотирмонеро аз накӯкории устоди гиромӣ ба ёд меорам.
Соли 1981 ман дар УДТ (ҳоло ДМТ) ба ҳайси мудири кабинети Методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ифои вазифа мекардам. Моҳи марти ҳамон сол маро ҳамчун тарҷумон ба Донишгоҳи Кобул фиристоданд. Дар он солҳо чанд донишгоҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Донишгоҳи Кобул барои таълим ва тарбияи кадрҳо ёрӣ мерасониданд. Солҳои 1983-1985, ки устод Талбак Назаров ректори Университети давлатии Тоҷикистон буданд, гоҳ-гоҳ ба Донишгоҳи Кобул меомаданд, аз шароити устодон хабар мегирифтанд, барои беҳтар анҷом додани вазифа ба мо машварат медоданд ва тақозо менамуданд, ки дар кори худ ҷиддӣ ва бомасъулият бошем.
Дар ёд дорам, ки боре устод Талбак Назаров бо ректори Донишгоҳи давлатии Тошканд Саъдӣ Сироҷиддинов ба Донишгоҳи Кобул омаданд. Банда тарҷумони мушовири ректори Донишгоҳи Кобул А.П.Дедков будам. Тайи чанд рӯзи дар Кобул будани устод Талбак Назаров эшонро ҳамроҳӣ кардам. Ба ҷойҳои таърихӣ, манзараҳои назарраси Кобул, аз ҷумла, боғи Бобур рафтем. Дар он солҳо боғи Бобур яке аз ҷойҳои серодам ва хушбоду ҳавои Кобул ба шумор мерафт. Баъд ба музей ва мавзеҳои дигари таърихии ин шаҳр рафтем. Устоди гиромӣ Талбак Назаров ба дидани осори таърихӣ ва шунидани ривоятҳои пешини миллати хеш, воқеа ва ҳодисаҳои гузашта майл дошт.
Мо қадам мезадем. Таърихро ба ёд меовардем ва ифтихор мекардем, ки тоҷикон дар канори миллатҳои дигари дунё дар ҳар ҷое, ки ҳастанд, аз худ мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва адабӣ гузоштаанд, яъне ҳамеша созандаи тамаддун буданд. Бо устод қадам мезадаму аз саволу ҷавоб, дидани осори таърихӣ эҳсос мекардам, ки он кас дар осори таърихии Кобул нишонаҳои тамаддуни ниёгонро медиданд. Дар воқеъ, дар осори таърихӣ ва адабӣ, аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз Кобул зиёд ёд шудааст. Гоҳе устод Кобули он замонро (соли 1983) бо шаҳри Душанбе муқоиса карда, аз пешрафтҳои шаҳри ҷавони тоҷикон ёдовар мешуд. Ифтихор мекард, ки шаҳри ободу зебое дорем.
Охири августи соли 1985 ман аз Кобул ба донишгоҳи худ баргаштам. Боре устод аз тариқи декани факултет марҳум Маҳмуд Давлатов маро соати панҷи бегоҳӣ ба ҳузури худ хостанд. Ман ҳайрон мондам. Вақте ки ба қабулгоҳи дафтари кори устод ворид шудам, дар он ҷо таърихшинос, устоди Донишгоҳи Кобул, профессор Ҷалолиддин Сиддиқиро дидам, ки мо ҳар ду соли 1984 китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро дар Кобул аз алифбои тоҷикӣ ба форсӣ аз рӯи тарҷумаи устод А.Маниёзов ва Н.Холмаҳмадов баргардон карда будем. Албатта, баргардони ин китоб таърихчаи хосе дорад, дар ин бора дар мақолаи ҷудогона ҳикоят хоҳам кард.
Профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ ба ман гуфт, ки «маро устод Талбак Назаров ба назди худ даъват кардаанд». Баъд аз чанд дақиқа устод аз дафтари кории худ баромаданду пас аз салому алейку пурсу поси мухтасар, бо ҳамон муҳаббати хоси худашон ба мо гуфтанд, ки «рафтем». Ману Сиддиқӣ ба ҳамдигар нигоҳ кардему аз думболи устод равон шудем. Аз бинои донишгоҳ баромада, ба мо фармуданд, ки «ба мошин савор шавед». Савор шудем. Ҳанӯз дар даруни мошин гуфтугӯи кӯтоҳи самимӣ поён наёфта, ба бинои Академияи илмҳо расидем. Пас аз он ки ба табақаи дуюм баромадем, устод гуфтанд, ки «бо устод Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ мулоқот дорем».
Мо чор тан суҳбати тӯлонӣ доштем, ки хеле дилнишин буд. Ҳақиқат ин аст, ки ман бештар хомӯш менишастам, то саволе надиҳанд, ҷавоб намедодам. Чунки бори аввал дар суҳбати илмии тӯлонии донишмандони бузурги тоҷик ширакат меварзидам. Устод Сиддиқӣ суҳбаторо буд, тамоми кори моро оид ба баргардони китоби аллома Б.Ғафуров «Тоҷикон», ки дар Кобул, дар манзили зисти банда сурат гирифта буд, баён кард. Ҳар ду устодон ба мо роҷеъ ба таърих, адабиёт, забон ва фарҳанги ҳамзабонон ва корҳои илмии мо саволҳо медоданд ва мо ҷавоб медодем.
Он суҳбат як навъ сайри таърих ва фарҳанги чандҳазорсолаи тоҷиконро дарбар мегирифт. Ба назарам он мулоқот қариб ду соат идома дошт. Ростӣ, ман дар дунёи дигар будам. Бароям бисёр ҷолиб буд, ки ду донишманди фарзонаи тоҷик, ки ҳарду вазифаҳои муҳими давлатӣ доранд ва тобеи сиёсати замони Шӯравӣ ҳастанд (соли 1986 буд), хеле ғамхорона дар бораи таърих ва фарҳанги миллати худ гап мезананд ва дар бораи сарнавишти ояндаи он фикр мекунанд. Онҳо дар он замон мехостанд, ки тоҷикон бо ҳамзабонони худ пайванди фарҳангӣ дошта бошанд.
Бале, дар тӯли беш аз ҳазор сол миллати моро фақат забони тоҷикии дарии форсӣ аз ҳар балову тӯфонҳои таърихӣ эмин нигаҳ дошт, ки фарҳангиёни оқили мо дар ҳар давру замон бо ҳар роҳе дар ин самт кӯшиш намудаанд. Онҳо муҳаббати забонро ба насли баъдӣ интиқол доданд ва акнун мо онро бояд идома бидиҳем.
Пас аз он мулоқоти дилнишин эҳсоси фарҳангдӯстиам боз ҳам болотар рафт ва омӯзишам роҷеъ ба таърихи ниёгон бештар шуд. Иродаам боз ҳам қавитар шуд, ки мо бо роҳи дуруст меравем, ки фарҳанги мардуми худро дар пайванди ҳамзабонон ва қавму миллатҳои ҳамсоя дар якҷоягӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Аз ин рӯ, дар риштаи худ мутолиаамро идома додам.
Тақрибан охири моҳи июни соли 1986 устод Тлабак Назаров бори дигар маро ба назди худ хонданд ва дар бораи корҳои илмиам пурсиданд. Пас аз пурсиш гуфтанд, ки «ту агар дар донишгоҳ кор кардан хоҳӣ, бояд машғули кори илмӣ шавӣ ва зуд ҳимоя кунӣ. Дигар ин ки агар олими хуб мешавам гӯйӣ, ба Москва ё Ленинград рав. Дар донишгоҳ аз он ки бе дараҷаи илмӣ кор мекунӣ, кор накунӣ, беҳтар аст. Ҳоло ҷавон ҳастӣ, ман мебинам, ки кӯшиш дорӣ, онро бояд дар амал татбиқ намоӣ».
Банда, ки се кӯдаки хурдсол доштам, чандин шаб хоб накарда, фикр кардам. Албатта, ҳангоми ба муддати чору ним сол дар Афғонистон буданам (1981-1985) ҳамеша аз тариқи Москва ба Кобул мерафтем ва гоҳе осори илмии бароям заруриро ба забони русӣ мехаридам ва дониши худро то ҳадди имкон такмил медодам.
Ҳамин тавр бо пешниҳод, иҷозат ва роҳнамоии устод Талбак Назаров аз охири соли 1986 давраи аспирантураро дар кафедраи эроншиносии Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов гузаронида, пас аз дифоъ (соли 1989) ба Ватан баргаштам. Ҳақиқат ин аст, ки аз мактаби илмии Москва чизҳои зиёде омӯхтам. Агар машварати ин устоди бузургвор намебуд, шояд роҳи зиндагии ман дигар мешуд. Ҳамин тавр, ман мунтазам ба корҳои илмӣ машғул гардидам, ки он баррасии фолклор, адабиёт, таърихи гуфторӣ ва мардумшиносии тоҷикон ва ҳамзабонони Афғонистон, Ӯзбекистон ва Эронро дар бар мегирад.
Устод Талбак Назаровро хеле кам мебинам, гоҳе дар чанд сол як бор, вале ҳамеша бо муҳаббат ва самимият суҳбат мекунем. Борҳо шудааст, ки устодро тасодуфан мебинам, агарчӣ серкор ҳаст, вале ҳатман аз фаъолияти илмии банда пурсон мешавад. Бо самимият мегӯяд, ки аз корҳоят бохабарам.
Охири солҳои навади садаи бист буд. Боре ман аз назди Вазорати корҳои хориҷӣ мегузаштам, ки устод аз рӯ ба рӯям баромад. Мисли ҳамеша орому ботамкин аҳволпурсӣ кард. Маро бо худ ба дафтари кориаш бурд. Роҷеъ ба корҳои илмиам пурсон шуда, гуфт, ки «роҳи интихобкардаат хуб аст. Ман ҳам барномаҳои илмии зиёд дорам, вале фурсати ками амалӣ кардани онҳоро дорам. Бо вуҷуди он ки корҳои давлатӣ вақтгир аст, боз ҳам кор мекунам. Навиштаҳоятро аз матбуот мехонам. Корҳоятро идома деҳ. Фақат бо илм машғул шав…».
Солҳо зуд мегузаранд. Ман ҳеҷ гоҳ барои иҷрои коре назди устоди азиз нарафтаам, вале баръакс, ҳар боре, ки бо эшон вохӯрдам, мададгорам буданд. Тибқи мушоҳидаи ман устод Талбак Назаров ҳамеша дастгири шахсони миллатдӯсту фарҳангпарвар ҳастанд.
Дар тӯли 8-10 соли охир устодро гоҳе дар конфронсҳо, ҷамъомадҳои гуногун мебинаму шод мешавам. Як лаҳза ҳам ки бошад, бо якдигар суҳбат мекунем. Аз корҳои ҳамдигар пурсон мешавем.
Кори асосии ман дар ДМТ аст. Ҳамчунин аз соли 2006 то имрӯз сардабири маҷаллаи «Пайванд»-и Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ҳастам. Дафтари Анҷумани «Пайванд» дар Кохи Ваҳдат аст. Соли 2017 таъмири Кохи Ваҳдат шурӯъ шуд. Моро ба бинои «Тоҷикматлубот» кӯчониданд. Ман бори аввал ба ин бино даромадам. Дар он ҷо созмону ширкатҳои зиёд, аз ҷумла, «Бунёди хайрияи ҶТ» низ будаанд, ки раиси он донишманди некманиш, инсони оқил, марди хоксору ҳалиму меҳрубон, академик Талбак Назаров ҳастанд. Пурсон шудаму устодро дар табақаи панҷум пайдо кардам. Дидам, ки устоди меҳрубону хоксор, ҳамоно чун сарбози содиқи Ватан дар сари коранд. Барояшон гуфтам, ки ҳоло устод ҳамсоя шудем, акнун шуморо тез-тез хабар мегирем.
Устод то имрӯз садоқатмандона барои миллат ва кишвар кор мекунанд. Аз самими қалб барои устод дар ин умри пурсамару бобаракат, ки дар роҳи ободии Ватан ва миллат сарф шудааст, фақат тандурустӣ мехоҳам.
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ