Конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти номи «Наврӯз дар Тоҷикистон» дар Файзободи Афғонистон
ДУШАНБЕ, 26.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани Иди «Наврӯз»; ибтикори ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-2018-2028, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиши номбурда, роҳбарият ва сардорони раёсатҳои дахлдори ҳукумати вилояти Бадахшон ва шаҳри Файзобод, намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар вилояти Бадахшон, ректори Донишгоҳи шаҳри Файзобод, намояндагони “Иттиҳоди пешаварони Бадахшон”, ширкати сангсозӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон: ташкилоти СММ доир ба масъалаҳои ёрӣ ба барқарорсозии Афғонистон дар шимоли ҶИА; муассисаи ғайридавлатии Норвегия ва Бунёди Оғохон, бахши намояндагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ҳодимони илму фарҳанг ва ҳунармандон иштирок карданд.
Дар оғози ҳамоиш сурудҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон садо дода, муовини Раиси вилояти Бадахшон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, сардори раёсати фарҳангии Ҳукумати Бадахшон, намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шимолу шарқи ҶИА, доир ба Иди Наврӯз, таъриху забон, фарҳангу анъанаҳои миллии муштарак, робитаҳои рӯ ба инкишофи дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва нақши кишварамон барои таъмини сулҳу суботи пойдору рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон суханронӣ намудаанд.
Дар фарҷоми қисмати ифтитоҳии ҳамоиш, консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод Умед Назаров ҳамаи иштирокчиёнро ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бадахшон хайрамақдам гуфта, доир ба Иди Наврӯз, ки бо баробар гаштани рӯзу шаб фаро мерасад ва онро мардуми мо аз қадим ҳамчун иди суннатии соли нав, ҳаёти нав ва умеду орзуҳои нав ҷашн мегирифтанд, суханронӣ намуд.
Баъд аз қисми расмии чорабинӣ филми мустанад оид ба ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон манзур шуда, ҳунарҳои мурдумӣ, ғизо ва либоси миллии Тоҷикистону Афғонистон ба иштирокчиёни ҳамоиш муаррифӣ шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи меҳмонон дастурхони наврӯзӣ пешниҳод гардид.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






