«КОРИ ДУНЁ ҲАМА ДАР ПАЙРАВИИ КОРИ ЗАН АСТ…». Раиси Ассосиатсияи занони соҳибкори Тоҷикистон дар бораи занони муваффақи мамлакат
«Бонувони мо дар корҳои давлатдорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд».
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти ҳаёти занон, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва фаъолгардонии мавқеи занон дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ҷумҳурӣ заминаҳои хубу мусоиди қонунгузорӣ дар самти рушди соҳибкорӣ барои бонувон фароҳам оварда шудаанд. Қабули барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо, ки ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат нигаронида шудаанд, шаҳодати ин гуфтаҳост.
Бонувони тоҷик, хусусан соҳибкорзанҳо, аз ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани заминаҳои хуби қонунгузорӣ дар мавриди таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон, рушди соҳибкорӣ миёни занон ифтихор доранд. Ин нуктаро дар остонаи Рӯзи модар зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» Сабоҳат РАҲИМЗОДА баён дошт.
АМИТ «Ховар»: Мавқеи занон дар рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
С. Раҳимзода: Мавриди зикр аст, ки занони тоҷик дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ дар радифи мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, меҳнат менамоянд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақоми занони тоҷик баланд гардид. Зан-модари тоҷик имрӯз барои пешрафти ҷомеа, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Занон корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бунёд намуда, маҳсулот истеҳсол мекунанд, ҷойҳои кории нав ташкил менамоянд, дар рушду пешрафти иқтисодиёти миллиамон саҳми шоён ва назаррас мегузоранд. Дар маҷмӯъ зан –модари тоҷик тамоми ақлу заковат, хирад ва неруи худро на танҳо ба тарбия ва ба камол расонидани фарзандон, балки ба ободонию созандагии сарзамини маҳбубамон равона намудааст. Бояд як нуктаро махсус зикр намуд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон занон нисбат ба мардон бомасъулияттар мебошанд, бахусус дар бахши соҳибкорӣ. Ба соҳибкорӣ машғул будан барои зан –модар кори ниҳоят мушкил аст, зеро соҳибкорӣ ва тиҷорат нони пухта нест. Он аз инсон масъулияти ҷиддӣ, чашмикордонӣ, иродаи матин, меҳнати софдилона ва сабру таҳаммул талаб менамояд. Дар ҷомеаи мо то ҳол баъзе фаҳмишҳои нодуруст вуҷуд доранд, зеро баъзан мегӯянд, ки тиҷорат кори зан нест. Вале, ин фаҳмиш ғалат аст. Агар ба умқи таърих назар афканем, мебинем, ки завҷаи Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) Хадича (р) тоҷирзан буданд. Маҳз бо шарофати ҳамсари меҳрубонашон Паёмбарамон ба тиҷорат рӯй оварданд ва муваффақ ҳам шуданд. Занону духтарони тоҷик имрӯз дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат хеле саҳми муҳиму муносиб мегузоранд.
Тавре устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ фармудааст: «Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст, Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст…».
Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маърифатнок намудани занону духтарон дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешанд. Тавассути квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани духтарони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон дар мактабҳои олии мамлакат бори дигар аз ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Вақте духтаронро соҳибмаълумот мегардонем, ҷомеаро соҳибмаърифат менамоем, зеро заминаи бунёди ҷомеаи фарҳангию пешрафта ва дунявӣ ба бонувони соҳибмаърифат рабт дорад. Дар урфият гуфтаанд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз бонувони соҳибкор бештар дар кадом соҳаҳо муваффақанд?
С. Раҳимзода: Мо фахр дорем, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бонувони соҳибкори муваффақ, ба мисли Сурайё Уроқова, Шаҳло Ватанова, Садафмоҳ Абдуллоева ва боз нафарони дигар фаъолият менамоянд. Бонуи фаъоли соҳибкор Садафмоҳ Абдуллоева нахустин зан дар Осиёи Марказист, ки истеҳсоли бензинро аз спирт ба роҳ мондааст. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва дастгирию ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи беш аз 25 сол теъдоди занони соҳибкор дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, зиёда аз 138 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро дар ҷумҳурӣ занон сарварӣ менамоянд. Ҳамзамон бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст, ки дар асоси он ба занон ёрии молиявӣ расонида мешавад.
Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои духтарону занони хонанишин марказҳои касбомӯзӣ ташкил мешаванд. Дар маҳалҳо соҳибкории хонаводагӣ тавсеа меёбад, инчунин занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар, бахусус ҳунарҳои дастӣ, аз қабили атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои косибӣ ҷалб гардида истодаанд. Ин раванд ба беҳдошти вазъи иҷтимоии занону духтарони мамлакат мусоидат менамояд. Занони соҳибкор бештар дар соҳаҳои хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, сохтмон, кишоварзӣ, хусусан ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, ба комёбиҳо ноил гардидаанд. Инчунин боиси ифтихор ва хушнудист, ки занони соҳибкор дар рушди технологияҳои коммуникатсонӣ, бахши маориф ва тандурустӣ фаъол гардида, ин бахшҳоро ҳам ба дасти худ гирифтаанд. Дар ҳунари дӯзандагӣ, пухтупази таомҳои миллӣ, навъҳои гуногуни нон ва дигар ҳунарҳои мардумӣ занону духтарони тоҷик ҳамто надоранд.
Он имтиёзҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон пешниҳод гардидаанд, мо, занони соҳибкорро дилгарм менамоянд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва дар ин росто ба ҳунармандону косибон пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ аз ғамхорӣ ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунармандон башорат дода, ин раванд барои дастрасии мардум ба зиндагии шоиста, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.
АМИТ «Ховар»: Чӣ бояд кард, то фарҳанги соҳибкорӣ байни бонувон баланд бардошта шавад?
С. Раҳимзода: Пешрафти ҳар як соҳа, хусусан бахши соҳибкорӣ ба шахсону мутахассисони ботаҷрибаи дорои донишҳои мукаммал иртибот дорад. Вақте шахс ба соҳибкорӣ оғоз менамояд, қабл аз ҳама, бояд дорои дониш ва ҷаҳонбинии васеъ, фазилатҳои нек ва маърифати хуби инсонӣ бошад, ки он аз пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек сарчашма мегирад. Дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ бештари занону бонувон, ки ба соҳибкорӣ рӯ овардаанд, зимни иштирок дар ҳамоишу машваратҳои омӯзишӣ сатҳи донишу маърифати худро такмил дода, ҷаҳонбинии худро васеъ гардониданд. Инчунин шароити кори соҳибкорзанҳо ҳам хеле беҳтар гардидааст. Имрӯз занони соҳибкори тоҷик дар марказҳои бузургу муосири савдо, назири бозори «Меҳргон» ва боз даҳҳо чунин марказҳои савдои ҳозиразамон, ки дорои тамоми шароити кориянд, ба тиҷорат машғуланд. Ҳамзамон мебояд сатҳи маърифат, хусусан муоширати соҳибкорзанон нисбат ба мизоҷон баланд бардошта шавад. Дар шароити феълӣ мебояд бонувони соҳибкор бо технологияҳои нав кор карданро омӯзанд ва мо бояд самти фаъолияти худро дар соҳаҳои афзалиятнок, ки иқтисодиёти мамлакат ба он бештар ниёз дорад, фаъол гардонем. Дар ин самт соҳибкорзанҳо худашон бояд саъю талош намуда, қонунгузории марбут ба бахши соҳибкориро омӯзанд, то дар фаъолияташон ба мушкилот мувоҷеҳ нагарданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»