МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба базмҳои наврӯзӣ даъват менамояд

Март 20, 2018 10:17

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз  дар шаҳри Душанбе  17 март бо баргузории   Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз гардид.

Алҳол дар пойтахт  корҳои омодагӣ ҷиҳати ба таври идона ороиш додани  макони баргузории базмҳои  наврӯзӣ ба анҷом расида,  баҳри  сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт базмгоҳҳо пурра омода гардидаанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 21 март  бахшида ба Иди Наврӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ дар назар дошта шудааст. Ин базмҳои идона  дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  «Майдони 800-солагии Москва»-и  ноҳияи Шоҳмансур, Боғи ба номи  Мироненкои ноҳияи Сино ва Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и   ноҳияи Фирдавсӣ    доир мегарданд.

25 март  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Душанбе барномаи театрӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки  аз 21 то 25 март  дар  ҳамаи ҷашнгоҳҳои пойтахт намоиши ҳунарҳои мардумӣ  дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар «Наврӯзгоҳ» 26 март мусобиқаи гӯштини миллӣ   ва   31 март   пойгаи аспдавонӣ  баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.

 

 

Март 20, 2018 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд