МУКАРРАМА ҚАЮМОВА-БЕҲТАРИН ЗАРДЎЗ. Шоҳҷоизаи озмун насиби ҳунарманд ва тарроҳи шинохтаи тоҷик гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази савдои Душанбе-Мол (Ашан) озмуни «Зардӯзи беҳтарин» баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар озмун беҳтарин зардўзон аз гўшаву канори мамлакат даъват шуда, ҳунари зардўзии худро ба намоиш ва фурўш гузоштанд.
Дар озмуни мазкур намояндагон аз вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Аз ҷониби ҳайати ҳакамон «Беҳтарин зардўз»-и сол муайян гардида, бо туҳфаҳо ва Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Шоҳҷоизаи «Беҳтарин зардўз» барои манзур намудани волотарин нақшу нигори зардўзӣ насиби ҳунарманд ва тарроҳи шинохтаи тоҷик Мукаррама Қаюмова гардид.









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






