Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев

Март 15, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот карда, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо раванди рушди бонизоми муносибатҳои шарикию стратегии кишварҳоро, ки ба манфиати мардумони Тоҷикистону Қазоқистон равона гардидааст, махсус зикр намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати муносибатҳои шарикӣ давоми 25 — соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноат намуда, имзои 12 санади нави зимни сафари расмӣ баимзорасидаро қадами устувор дар самти таъмиқу густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи робитаҳои дуҷониба маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол мо дар арафаи болоравии сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, фарҳанг, илм ва амният қарор дорем ва бояд онро ба манфиати ҳарду ҷониб самаранок истифода барем.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидии тиҷорат, саноати кӯҳӣ ва саноати сабук, нақлиёту транзит, энергетика, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мувофиқ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев 15.03.2018

Март 15, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд