Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат

Март 19, 2018 14:15

ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандон, муаррихон минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзуъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд.

Барои ба насли оянда шинос кардани ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги милли дастур доданд, ки зиёиёни кишвар бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, аҳамияти онҳоро фаъолона тарғиб намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба нерӯи созандаи зиёиёни Ватан бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста ба ин нерӯ такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард.

Чун соли 2018 аз ҷониби Президенти мамлакат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуданд.

Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иштирокчиёни мулоқот  — Сулаймони Аҳтам — Шоири ҷавон, роҳбари маҳфили «Адибони ҷавон»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Насима Қосимӣ — Аспиранти соли дуюми Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳо ва Низом Қосим — Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат, эълони соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.

Мулоқот бо зиёиёни мамлакат 19.03.2018

Март 19, 2018 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Миллат пешвоси муҳтарам Эмомали Раҳмоннинг БМТ «2027-2036 йиллар, Келажак авлодлар учун тинчликни мустаҳкамлаш халқаро ўн йиллиги» номли резолюциясининг қабул қилиниши ва Миллий бирлик куни муносабати билан табриги
Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд