НАВРӮЗ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
ДУШАНБЕ, 21.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни бузург аз оғози айёми эҳёи табиат мужда расонида, ба ҳар як хонадон нишоту хуррамӣ ва рафоҳату саодат эҳдо менамояд.
АМИТ «Ховар» тамоми мардуми саодатманду шарафёри Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, халқҳои Ҳавзаи Наврӯз ва кули сокинони сайёраро, ки ин ҷашни байналмилалиро гиромӣ медоранду таҷлил менамоянд, самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, файзу баракат ва нусрати наврӯзӣ орзуманд аст.
Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош варзидаанд. Зеро, Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона — дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».
Бигузор Наврӯз, ки рамзи покию хуррамист, барои мову шумо рӯзи нави шодию нишот ва фатҳу нусратҳои бузург гардад ва ба хонадони ҳар кадоми мо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад!
Cад шукр, ки мо боз ба Наврӯз расидем,
Бар дидани он дилбари фирӯз расидем.
Сад шукр, ки ба ин иди ҷавонию ҷаҳонбоз,
Бо дафтару девони дилафрӯз расидем.
НАВРӮЗАТОН МУБОРАК!








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






