НАВРӮЗ – ОҒОЗИ СОЛИ НАВ. Бахшида ба Иди Наврӯз дар Хуҷанд озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир гардид

Март 22, 2018 10:22

ХУҶАНД, 22.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи  Б.Ғафуров  бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ  байни муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» иттилоъ медиҳад, озмуни мазкур бо ибтикори Раёсати маорифи вилоят дар ҳамдастӣ бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, ҳадаф аз ташкили он эҳё намудани бозиҳои миллии ниёгон ва тарбия намудани хонандагону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба мероси ниёгон аст.

Дар озмуни мазкур, ки давоми 10 соли охир гузаронида мешавад, намояндагон аз муассисаҳои таълимии даҳ шаҳру ноҳияҳои атрофи маркази вилоят ширкат намуда, аз рӯи 8 намуди бозиҳои миллӣ, чун «Лалакпарронӣ», «Бодбаракпарронӣ», «Чиллакбозӣ», «Арғамчинбозӣ», «Ланкабозӣ», «Лакпарбозӣ» ва «Ҳаппак» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Теъдоди умумии иштирокдорон қариб ҳазор нафарро ташкил дода, иштирокдорони аз ҳама бештарин дар намуди «Лалакпарронӣ» буданд, ки шумораашон ба 400 нафар мерасид.

Дар анҷоми мусобиқот, ки аз рӯи ду шарт – ҳайати даставӣ ва инфиродӣ гузаронида шуданд,  ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  бо ибтикори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ҳамдастӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд бо иштироки қариб даҳ ҳазор нафар варзишгарону дӯсторони варзиш ва толибилмону донишҷӯёни донишгоҳҳои маркази вилоят, инчунин дӯстдорони тарзи ҳаёти солим машқи пагоҳирӯзӣ ва  дар назди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Март 22, 2018 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад