Оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 21.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чанд рӯз боз идома доранд. 17 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи гурӯҳе аз шоирону нависандагон ба чанде аз шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар тантанаҳои наврӯзии маҳаллаҳои Раззоқ ва Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо сокинони маҳаллаҳо таъкид намуд, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайро ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашро тозаю ороста менамояд.
Дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят ва аҳли зиё ҳамзамон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти пазандагони моҳир — муҳассилини макотиби маҳалла шинос шуданд. Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони маҳалла, махсусан бо мӯйсафедон сӯҳбати самимӣ намуда, аз онҳо дуои неки наврӯзӣ гирифт. Дар сари деги суманак баҳри ободии диёр ва шукуфоии Ватан дасти дуо бардошта шуд.
Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова дар бораи файзу фазилатҳои неки Наврӯз ибрози андеша намуданд.


















Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад






