ОБОДОНӢ ВА ТОЗАКОРӢ – ЯКЕ АЗ СУННАТҲОИ НАВРӮЗ. Дар ноҳияи Сангвор корҳои бунёдкорию созандагӣ вусъат меёбанд
САНГВОР, 22.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Сангвор корҳои ободонию созандагӣ, насби шиору овезаҳо, хурраму зебо гардонидани кӯчаву маҳалҳои маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда шудаанд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ байни мактаббачагону сокинони ноҳия озмунҳо ҷараён мегиранд. Зеро Наврӯз яке аз арзишҳои неки миллӣ, моҳияти Истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ мебошад.
Тибқи иттилои масъулини ноҳия, дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ машғуланд.
То имрӯз дар шоҳроҳи Лабиҷар-Сангвор ва маркази ноҳия 120 адад шиору овезаҳо, сипарҳои таблиғотӣ ва иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб гардида, зиёда аз 5000 бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонда шуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, рушди бемайлони варзиш дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот якҷо бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёд кардани боғу гулгаштҳо, марказҳои истироҳатию фароғатӣ, майдону толорҳои варзишӣ ва иҷрои корҳои дигари ободонӣ идома доранд.
Соли равон дар маркази панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






