ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки боронӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон дар назар аст.
Имрӯз, 27 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 10-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-1 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 13-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва боридани борон дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 7-9 ва рӯзона 14-20 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






