Ғолибони мусобиқаи гӯштини «Ҷоми пойтахт-2018» муайян гардиданд

Март 27, 2018 11:24

ДУШАНБЕ, 27.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2018» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар мусобиқаи мазкур 10 даста- «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Суғд-1», «Суғд-2», дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати калон    қувваозмоӣ намуданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқа дар шаш вазн- 60, 70, 80, 90, 100  ва +100- кило байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Сорбон Латифов  дар   вазни  60 кило бар ҳамаи рақибонаш ғолиб  омада,  соҳиби  «Ҷоми пойтахт-2018» гардид.

Хотиррасон менамоем, ки  соли 2017   Сорбон Латифов  дар  мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар   вазни 62  кило   соҳиби  медали биринҷӣ   шуда буд.

Орифҷон Додов дар вазни 70  кило   «Ҷоми пойтахт»-ро ба даст овард. Дар вазни 80 кило Акмал Муродов  бар ҳамаи рақибонаш ғолиб гардида, «Ҷоми пойтахт-2018»-ро  соҳиб гардид. Ҳоҷимашраб  Раҳмонов дар вазни 90  кило  ҳунари хуб нишон дода, ҳамаи рақибонашро мағлуб намуд. Ӯ сазовори медали тилло ва  «Ҷоми пойтахт» гардид.

Саидҷалол Саидов дар вазни +100 кило  Шоҳҷоизаи мусобиқаро ба даст оварда, сазовори автомобили тамғаи «Mercedes Benz» шуд ва «Ҷоми пойтахт-2018»-ро ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта  низ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» ва иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардида буд.

 

Март 27, 2018 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд