«САД ШУКР, КИ МО БОЗ БА НАВРӮЗ РАСИДЕМ!..». Ин иди аҷдодӣ тараннумгари саодати башарият аст
ДУШАНБЕ, 17.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар сарзамини Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад. Ин матлабро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоиши «Наврӯзи байналмилалӣ- муаррифи фарҳанги миллии тоҷикӣ», ки дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Душанбе доир гардид, иброз дошт.
Дар ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, профессори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Гузел Майтдинова ва дигар донишмандони тоҷик доир ба таърихи пайдоиши ҷашни бостонии Наврӯз, оинҳои Наврӯз, анъанаҳои наврӯзӣ чун инъикоскунандаи ҳувияти миллии тоҷикон, мероси Наврӯз дар раванди муосиршавии афкори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар муаррифии гуманизми миллӣ ва дигар паҳлӯҳои ҷашни қадимии Наврӯз сухан карданд.
Зикр шуд, ки Наврӯзи бостонӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, зуҳури онро муаррихон ба таваллуди шоҳ Каюмарс ва эҳёи Наврӯзро ба аҳди шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Наврӯз яке ҷашнҳои бостонии мардумони эронинажод, аз ҷумла, тоҷикон буда, дар ҳазораи дуюми солшумории мелодӣ дар соли 2010 дар асоси пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон бо қарори созмони бонуфузи байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид.
Оинҳои Наврӯз таҷассумгари ормонҳои башариянд ва дар ин росто он аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори сарсабз, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз буда, аз нигоҳи ситорашиносон, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сония соли нав фаро мерасад. Яке аз суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз- ин бахшоиши гуноҳҳо, аз дил дур намудани кинаву адоват, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур ба зулмот буда, дар маҷмӯъ, Наврӯзи ҷаҳонӣ тараннумгари саодати башарият аст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






