Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар дар вилояти Суғд

Март 30, 2018 14:02

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии навъи «амури сафед»-ро барои афзоиши ин зоти фоидаовар сар доданд.

Масоҳати кӯли сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил дода, аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва моҳии «карп» имконият фароҳам оварда шудааст.
Мувофиқи меъёри ягона барои 100 килограмм моҳӣ дар як шабонарӯз 2 килограмм маводи хӯрокӣ таъмин карда мешавад, ки ин аз рӯи нишондод 2 фоизро ташкил медиҳад.

Моҳиҳои «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва моҳии «карп» ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

Маҳз баъди қабули ин барномаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфта, шаҳрвандони мамлакат бо парвариши моҳӣ ва фурӯши он даромади хуби иқтисодӣ мегиранд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат пешравии соҳа дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон низ бештар ба назар мерасад, зеро барои фаъолияти беш аз 200 хоҷагии моҳипарвар зиёда аз 2 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди сар додани моҳиҳои «амури сафед» ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарвар мутахассисони соҳаро баҳри боз ҳам рушд бахшидан ба ин бахши сердаромад ҳидоят намуданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар дар вилояти Суғд 30.03.2018

Март 30, 2018 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд