Соли рушди сайёҳӣ: чил санги одамшакл сайёҳонро ба ҳайрат меоранд…

Март 7, 2018 08:47

ДУШАНБЕ, 07.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар диёри биҳиштосоямон зиёда аз 2000 мавзеъҳои таърихӣ мавҷуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хоки ин диёр муқаддасу пурганҷ аст. Бар замми он, 93 фоизи ин сарзамини  муқаддасро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳо низ дар навбати худ бо иқтидору фаровонии маъданҳои табиӣ ва бахусус  таъмин кардани  ҳавои мусаффо дар минтақа нақши калидиро иҷро мекунанд.

«Чилдухтарон» — яке аз кӯҳҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, он дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Кӯҳи «Чилдухтарон» дар 80-километрии шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад. Баландии он аз сатҳи баҳр ба 2 ҳазор метр мерасад. Кӯҳи сангини Чилдухтарон миёни ду рӯдхонаи кӯчак бар фарози кӯҳ хеле ҷолиб аст.

Кӯҳи «Чилдухтарон» табиати ба худ хос дорад. Бахусус кӯҳҳои ҳайратангези он, одамшакле, ки ба масофаи 5-6 метр рост кашида, то 60 метр баланди доранд, диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунанд. Ин қаторкӯҳҳо аз регсангҳои сурх ва хокистарранг иборатанд. Мувофиқи тадқиқоти олимон синну соли қаторкӯҳҳо ба 70 миллион сол баробар аст. Вобаста ба баланди ва фаслҳои сол иқлим тағйир меёбад ва ин мавзеъе ба ҳисоб меравад, ки аз ҷиҳати сарватҳои табии, гулу гиёҳҳо, ҷонварону паррандагони нодир хеле бой аст.

Ҳамин тариқ, кӯҳи «Чилдухтарон» як гӯшаи зебоманзари кишварамон буда, ҳифз кардан ва оқилона истифода бурдани сарватҳои он сабаби рушду инкишофи иқтисодиёти диёрамон мегардад.

 Таърихи пайдоиши Чилдухтарон

«Чиҳил ҷавондухтари тиркашу шамшерзан барои ҳифзи номуси худу диёр ҷасурона муқобили лашкари ғосиб мубориза мебаранд. Аз куштаи ин лашкар пушта месозанд ва то вопасин нафас, замоне, ки муқовиматро дар қиболи лашкари муру малахмонанд аз даст медиҳанд, ба худ иҷозаи таслим шудан намедиҳанд.

Бо шамшери шикаста ва халтаҳои холӣ аз тир ба кӯҳистони ақибнишинӣ мекунанд. Наздик аст, ки онҳоро зинда асир бигиранд. Аммо ин ҷавондухтарони покдомани ғаюр ба сӯи Худованд дасти дуо мебардоранд, то онҳоро ба санг мубаддал гардонад ва ба дасти таҷовузгарон наафтанд. Дуои онҳо мустаҷоб мегардад ва чил духтар дар ҷамъ ба кӯҳи сангин бадал мегарданд.

Лашкари ғосиб аз ин ба даҳшат афтода, фавран ин мавзеъро тарк мекунад. Муборизаи ҷавондухтарон замоне ба вуқӯъ меояд, ки дар паи як шабехун тамоми марду зани ин мавзеъ кушта мешавад».

Ин ривоятест чун садҳо ривояту афсонаҳои халқи тоҷик. Вале дар ҳар афсона ҳақиқате низ ниҳон аст. Агар ба Муъминобод равед ва ба он кӯҳи аҷоиб назар андозед, мебинед, ки  гӯё дар он мавзеъ аз санги сурхтоб бар фарози кӯҳ пайкараҳо сохтаанд. Аслан, воқеият ва дар кадом давру замон ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса ва чӣ гунна пайдо шудани ин сангҳои одамшаклро  касе намедонад.

Вале як чиз муҳим аст:   аз як тараф чунин ривоятҳо  сайёҳони дохилию хориҷиро ба ваҷд ва ба ҳайрат меоранд ва торафт бештар ба сӯи худ мекашанд,  аз тарафи дигар барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва  шуҷоату ҷасорат  тарбия намудани насли ҷавон аҳамияти бағоят бузург доранд.

 

 

Март 7, 2018 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад