«Сомон Эйр» 8 ҳавопаймои муосири Embraer Е-190 Е2 харидорӣ менамояд

Март 21, 2018 10:19

ДУШАНБЕ, 21.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо президенти ширкати «Embraer Commercial Aviation» Джон Слэттери музокирот анҷом дод.

Тарафҳо зимнан масоили аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» харидорӣ намудани 8 адад ҳавопаймоҳои муосири Embraer Е-190 Е2-ро барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷараёни музокирот ҳамчунин масоили маблағгузории иқдоми мазкур тавассути Бонки содиротиву қарзии Бразилия тариқи лизинги молиявӣ муҳокима гардид.

Мавриди зикр аст, ки ҳавопаймоҳои Embraer Е-190 Е2 то 100 ҷойи нишастро доро буда, ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» имкони васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва дар хатсайрҳои пурбории тиҷоратиашон нисбатан кам  ихтисори масрафи ширкатро фароҳам меорад. Музокирот дар доираи барномаи давлатии рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навсозии парки ширкати ҳавопаймоӣ гузаронида шуд.

Алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки тирамоҳи соли гузашта ба узвияти ИАТА қабул гардид, ба самти кишварҳои Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон муваффақона парвозҳоро  анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои замонавии Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

 

Март 21, 2018 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад