Спитамен: ғолибони озмуни вилоятии «Ҳафт син ва ҳафт шин» ва «Маликаи наврӯзӣ» муайян гардиданд
ХУҶАНД, 21.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳунаромӯзӣ, бедор намудани ҳисси зебоиву зебоипарастии кӯдакону наврасон ва ҳавасманд гардонидани ҳунармандони навраси боистеъдод дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен озмунҳои вилоятии беҳтарин дастархони наврӯзӣ-«Ҳафт син ва ҳафт шин» ва «Маликаи Наврӯзӣ» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, ин озмун бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ташкил ва гузаронида шуд. Дар даври ҷамъбастии озмун ғолибони даври минтақавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Деваштич, Хуҷанд, Гулистон, Ашт, Зафаробод, Конибодом, Спитамен, Исфара, Бӯстон, Истиқлол ва Шаҳристон ширкат намуданд.
Аз ҷумла, дар номгӯи «Маликаи Наврӯзӣ» ҷои аввал насиби Муҳиба Бобоҷонова, хонандаи синфи 11 –и Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби Моҳрухсор Муродова, хонандаи синфи 10-и Гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон ва Ясминаи Оқимҷон, хонандаи синфи 10-и МТМУ №6-и шаҳри Истиқлол ва ҷои сеюм насиби Марҷона Асадова, хонандаи синфи 10 –и Литсейи №1-и ноҳияи Зафаробод, Таҳмина Нурзода, хонандаи синфи 10 –и Литсейи №1-и ноҳияи Спитамен ва Гулсанам Хуҷаназарова, хонандаи синфи 11 –и МТМУ №2-и ноҳияи Шаҳристон гардид.
Аз рӯи номгӯи беҳтарин дастархони Наврӯзӣ — «Ҳафт син ва ҳафт шин» мақоми аввалро Нилуфар Комилҷонзода аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дуюмро Маҳлиё Туранова аз шаҳри Конибодом ва Навбаҳор Салимова аз шаҳри Истаравшан ва сеюмро намояндагони ноҳияҳои Спитамену Ашт ва шаҳри Бӯстон соҳиб гардиданд.
Дар интиҳо ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маориф ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






