Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати хоссаи “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”

Март 23, 2018 04:23

Муҳтарам ҷаноби Муовини Раиси Маҷмаи Умумӣ,
Муҳтарам ҷаноби Муовини Дабири Кулл,
Хонумон ва ҷанобон,

Имрӯз мо ҳамроҳ муколамаи нахустини худро, ки ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд, комгорона анҷом  додем.

Муҳокима ва табодули васеи афкор миёни ширкаткунандагон нишон медиҳад, ки мо бояд саъйу талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об, ҷоннок намоем.

Зимнан, зарурати ба инобат гирифтани паёмадҳои манфии тағёирёбии иқлим, ки беш аз пеш рух медиҳанд, ба миён омадааст.

Мушоҳидаҳои чандинсолаи коршиносони мо аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Мутобиқи ин мушоҳидаҳо, дар 60 соли ахир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд шудааст; шумораи рӯзҳо бо боришоти шадид афзудааст, пасомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои гидрометереологии табиӣ зиёд шудааст.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир шумораи офатҳои табиии шадид беҳад афзоиш ёфтааст.

Офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд.

Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар  монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ШМА зиёд гардид.

Ҳолати ногувор хусусан дар минтақаҳои кӯҳии кишвар, ки 93 фоизи ҳудуди умумии Тоҷикистонро ташкил дода, онҷо 80 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ба мушоҳида мерасад.

Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад.

Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли ахир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст.

Тағйирёбии давраи гидрологӣ ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, сабабгори  хатари иловагии обхезӣ ва хушксолии шадид мегардад.

Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои обӣ дар ҳудуди бархе аз кишварҳо ташаккул ёфта, истифодабарии қисми зиёди он ба дигар кишварҳо рост меояд, муддатест зарурати таҳияи стратегияи ягонаи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба миён омадааст.

Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳиммияти чунин стратегияро таъкид менамояд.

Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳимми рушди устувор ба ҳисоб мераванд,  таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Дар хотима мехостам ба тамоми ширкаткунандагони зиёфати имрӯза изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамаи шумо дастовардҳои тоза орзӯ намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Март 23, 2018 04:23

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд