Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Март 25, 2018 19:06
25.03.2018, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон табрик мегӯям.

Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Наврӯз, дарвоқеъ яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола  дорад.

Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.

Дигар ин, ки Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад.

Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини  маънавӣ фароҳам овардааст.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ дар баробарӣ миёни одамон зоҳир мегардад. Яъне Наврӯзро хурду бузург озодона ҷашн мегиранд ва баробар хурсандӣ мекунанд.

Наврӯзи имсола барои мо ҷашни таърихӣ мебошад.

Дар рӯзи ин ҷашни бостонӣ ва рӯзи ҷаҳонии об Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи махсуси худ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшид.

Ин рӯйдод дар ҳақиқат мояи ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон аст.

Зеро ташаббуси чоруми кишвари мо дар сатҳи глобалӣ ва ба хотири ҳалли яке аз мушкилоти асосии зиндагии аҳли башар – дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар муддати даҳ соли оянда дар миқёси сайёра амалӣ мегардад.

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ба шукронаи ин неъмати бузурги табиат ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем.

Ҳамдиёрони азиз!

Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа нақши калидӣ дорад.

Ҳамзамон бо ин, сокинони пойтахти кишвари азизамон дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши арзишманд бозида, дастовардҳои Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд.

Итминон дорам, ки сокинони пойтахт минбаъд низ барои татбиқи барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ба хотири амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Имрӯз пойтахти кишварамон ба маркази тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириву рушди суннату ойинҳои бостонии халқамон табдил ёфтааст.

Дар ин шаҳри зебо мунтазам озмунҳои гуногун ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо намунаҳои ҳунарҳои мухталифи халқӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба намоиш гузошта мешаванд.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ин иқдоми хуб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба наврӯзи имсола ва рӯзҳои таҷлили он густаришу вусъати бештар пайдо кард.

Итминон дорам, ки кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони бонангу номуси шаҳри Душанбе бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар оянда низ ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии давлатамон, ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, рӯзгори боз ҳам осудаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош хоҳанд кард.

Дар ин лаҳзаҳои бисёр фараҳбахши идона бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори Наврӯз — ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодиамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Наврӯзи фархундапай муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Март 25, 2018 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд