Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи фарруху фархундапай дар Туркманистон

Март 26, 2018 09:02

ДУШАНБЕ, 26.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи 21-уми марти соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод, бо шукўҳу шаҳомати хоса Иди байналмилалӣ ва бостонии Наврўзи Аҷам бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ, шаҳрвандони кишвари иқомат, роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод таҷлил гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни чорабинии фарҳангӣ меҳмонон дар намоишгоҳ ба дастурхони Наврўзӣ, аз ҷумла ҳафт сину ҳафт шин, осори ҳунарҳои халқии мардуми тоҷик, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, саноати хӯрока таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд ва дастаи ҳунармандони Филармонияи давлатии  Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Инчунин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо тариқи телевизони давлатии Туркманистон оид ба таърих ва мақоми байналмиллалӣ гирифтани Иди Наврўз, пайвастагиҳои таърихии ду миллат ва таҷлили ҷашни бостонии Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон баромад намуда мардуми дӯсту бародари Туркманистонро бо Иди Наврузи байналмилалӣ табрику таҳният арз намуда бо онҳо сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно кард.

Март 26, 2018 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад