Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Бишкек
ДУШАНБЕ, 26.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 марти соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯён Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин рӯз ҳавлии Сафорат тағйири шакл карда, ба фазои фарҳангу таърихи ҳазорсолаи тоҷик табдил дода шуд. Меҳмонони чорабинӣ бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз шинос карда шуданд.
Дар назди меҳмонони ҷамъомада бо сухани табрикӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода баромад кард. Сафир ҳамчунин қайд намуд, ки Иди қадимаи Наврӯз мутобиқи қатъномаи СММ Иди байналмилалӣ эълон гардида, ҳар сол 21 март дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин рӯзи тантанавӣ донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии олии гуногуни Қирғизиситон таҳсил менамоянд, барои ҷамъомадагон барномаи ҳунарии худро нишон доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






