Тантанаҳои наврӯзӣ дар Қалъаи Ҳисор
ДУШАНБЕ, 21.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми ноҳияи зарнисори Ҳисор дар Қалъаи куҳанбунёд, ки қарнҳо побарҷосту дар даврони Истиқлолият пурра тармим гардидаст, бо шукӯҳу шаҳомат ва нишоту сурур тантанаҳои наврӯзӣ доир намуданд. Ба истиқболи онон духтари зебои қабои сафедпӯш савори саманди бодпои барфосо сафед ҳамчун рамзи баҳори хуррам баромад.
Раиси ноҳия Шарифҷон Ҷумъазода аҳли ҳамоиши идона, инчунин меҳмононро, ки аз Ӯзбекистони ҳамсоя омадаанд, самимона шодбош гуфт. Зимни суханронӣ ӯ ёдовар шуд, ки бо саъю эҳтироми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз иди давлатӣ гардид ва бо ибтикори Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Ҷаноби Олӣ мақоми ҷаҳонӣ касб намуд.
Ширкати мутрибону раққосаҳои ансамбли овозадори «Зебо» ҳусну ҷилои тоза бахшид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия, инчунин соҳибкорони саховатпешша хатнасури 31 кӯдак аз оилаҳои камбизоат барпо гардид ва ба онҳо бозичаҳо тӯҳфа карда шуданд. Аз рӯи анъана гӯштингирию асптозӣ доир гардид. Ҳунармандон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд. Кадбонуҳо аз рӯи анъанаҳои дерин хоҳишмандонро бо суманак, далдаю оши палав ва дигар таъомҳои миллӣ зиёфат карданд.
Матн ва суратҳои
М. МУҲИДДИНҶОНОВ,
АМИТ «Ховар»

































Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






