«Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об» — монографияи нав

Март 22, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об таҳти унвони Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман оғоз мегардад. Бахшида ба оғози Даҳсолаи мазкур чанде қабл матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) монографияи докторант Ph.D – и соли сеюми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон МанижБаҳромзодаро таҳти унвони «Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об» зери таҳрири доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммадӣ Муқимов ба табъ расонид. Монографияи мазкур аз се боб иборат буда, ба масъалаҳои глобалии экологӣ, аз қабили об ва тағйирёбии иқлим ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли ин масоил дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст.

Муаллиф дар асоси омӯзиши сарчашмаҳо ва маълумоти илмӣ паҳлӯҳои мухталифи масъалаи глобалии об ва тағйирёбии иқлимро мавриди пажӯҳиш қарор дода, муҳимият ва саривақтӣ будани ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба ҳалли масоили об нишон додааст. Дар монография андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коҳиш додани хориҷшавии гази карбон ба ҳавои атмосфера ва ба ин васила пешгирӣ намудани обшавии пиряхҳо ба таври муфассал таҳқиқ гардидааст. М. Баҳромзода дар монографияи худ инчунин ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз қабили хушкшавии баҳри Арал ва пайомадҳои он, истифодаи самараноки захираҳои оби минтақа барои бунёди неругоҳҳои барқӣ-обӣ, аз ҷумла, НБО-и «Роғун» низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаи экология, сиёсат, журналистика ва ҳамаи онҳое, ки ба сиёсати экологии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои табиии он мароқ зоҳир мекунанд, тавсия дода мешавад.

 

 

Март 22, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад