ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Дарёфт ва мусодираи сангҳои коркарднашудаи қиматбаҳои табиӣ
Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини кӯчаи Ховарони ноҳияи И.Сомонӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи ин мард якчанд адад сангҳои қиматбаҳои табиӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сангҳои мазкур сангҳои коркарднашудаи қиматбаҳои ёқут ва лаъли асил буда, вазни умумиашон 53,19 граммро ташкил медиҳад.
Фиреби шаҳрвандон бо суиистифода аз боварӣ
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 37-солаи сокини кӯчаи Қазоқони пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2017, марди 34-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3 марти соли 2015, зани 52-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 18 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Шахсони гумонбар дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбат ба ин ҳодисаҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Расонидани ҷароҳати вазнин ба саломатӣ
Зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов, марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 24 марти соли равон ба хонаи модарарӯсаш, зани 60-солаи сокини ҳамин ноҳия омада, бе ягон асос ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 2 маротиба ба шиками модарарӯсаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳалокати хурдсол дар садамаи нақлиётӣ
26 марти соли равон ронандаи мошини тамғаи «ГАЗ-52» Раҳмонов Зафар Хизиралиевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба тарафи деҳаи Лағмони шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Латифова Сафия Зарифовна, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Навободро, ки роҳи мазкурро аз тарафи рост ба тарафи чап давида мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона фавтидааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






