ЗАНОНИ БАРҶАСТАИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин ном дар Осорхонаи мардумшиносии пойтахт гӯшаи нав боз гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, осорхонаи мазкур ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 навсозӣ гардида, дар маросими ифтитоҳи он президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва дигарон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки бо Осорхонаи мардумшиносӣ соли 1981 таъсис ёфта, яке аз калонтарин осорхонаҳо дар бахши этнографияи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади эҳё намудани ин осорхона, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, мардумӣ ва дастовардҳои фарҳангӣ, инчунин расонидани кўмаки моддӣ ба муассисаҳои илмию фарҳангии мамлакат, бо кўмак ва дастгириҳои бевоситаи молиявии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Фароз» бинои қаблии он навсозӣ гардида, дар он тамоми шароити лозима фароҳам оварда шуд.
«Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ба эҳё ва рушди анъанаю суннатҳо таърихӣ, бостоншиносӣ, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ диққати махсус зоҳир гардида, дар ин раванд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Ифтитоҳи Осорххонаи миллии Тоҷикистон ва эҳёву азнавсозии чандин осорхонаҳои шаҳриву вилоятӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд», — гуфта шуд дар ҷамъомади мазкур.
Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар Осорхонаи мардумшиносӣ зиёда аз 10 ҳазор намунаҳои нигоравҳои қадимаи халқи тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд, дар қисмати дигари бинои он аввалин осорхонаи мероси таърихию фарҳангии занони тоҷик – «Осорхонаи занони барҷастаи Тоҷикистон» ҷойгир мебошад.
Дар ин осорхона сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҷониби ходими давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ Муқаддара Рустамова (1926-2002) ҷамъоварӣ гардида, ба намоиш гузошта шудаанд.











Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






