БИЁ, ЭЙ ҲАМВАТАН, ТО ҶОНФИДОИ ИН ВАТАН БОШЕМ! Имрӯз дар пойтахт маросими «Даъватшаванда» баргузор гардид

Апрель 2, 2018 15:01

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими «Даъватшаванда»- даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 200 нафар ҷавонони чор ноҳияи шаҳри Душанбе – ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули  Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва  волидайни даъватшудагон ширкат доштанд.

Дар маросими «Даъватшаванда» муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва  сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Меҳваршо Донаёрзода ҷавонони даъватшаванда ба сафи Артиши миллиро табрик намуда, ба онҳо роҳи сафед ва хизмати содиқона  дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно карданд.

Зикр шуд, ки маросими «Даъватшаванда» бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз 12 марти соли 2018 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» гузаронида мешавад.

Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони бонангу номус шараф ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу ор мебошад. Зикр шуд, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо  саъю талошҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат пуриқтидор гардида, барои хизмат ба ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин росто ҷавононро мебояд ба Ватан ва ҳимояи  марзу буми сарзамини аҷдодиамон содиқона хизмат намуда, онро бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ  чун гавҳараки чашм  ҳифз намоянд.

Ба маросими имрӯзаи «Даъватшаванда» барномаи ҳунарӣ шукӯҳи тоза зам намуд.

Апрель 2, 2018 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад