Боздиди баронесса Элисон Мэри Сюти аз Парлумони Тоҷикистон

Апрель 11, 2018 09:58

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои палатаи Лордҳо аз Ҳизби либерал-демократҳои Британияи Кабир,  баронесса    Элисон Мэри Сюти зимни сафараш ба Тоҷикистон аз Парлумони мамлакат боздид намуда, бо вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот  роҳҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ шуда, дар ин самт пешниҳодҳои самарабахш  ироа гардиданд.

            Бояд тазаккур дод, ки баронесса   Элисон Мэри Сюти 25 сол  инҷониб дар парлумонҳои Британияи Кабир ва Аврупо фаъолият намуда, бештар ба масъалаи роҳҳои табобати беморони сил машғул аст. Мавсуф ҳамзамон бо парлумонҳои мамлакатҳои дунё,  аз қабили Парлумони Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон  ҳамкории густурдаро дар бахши мубориза бар зидди бемории сил ба роҳ мондааст. Дар ин росто, дар мулоқот ҳамзамон масъалаи вазъи бемории сил дар Тоҷикистон ва роҳҳои табобати он матраҳ гардид.

Апрель 11, 2018 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ