БОЗОР СОБИР, БАРАНДАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ РӮДАКӢ: «БАЪДИ БА КОР ДАРОМАДАНИ НБО-И «РОҒУН» ИСТИҚЛОЛИЯТИ МО КОМИЛТАР МЕШАВАД…»

Апрель 6, 2018 14:26

Душанбе, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, Бозор Собир – шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидам Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гаштааст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огоҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ доданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Дирӯз бегоҳ  мо бо ҳамсари шоир Гулчеҳра Собир тамос гирифтем ва аз ҳоли шоири дӯстдоштаи халқи тоҷик пурсон шудем. Бино ба нақли ҳамсари Бозор Собир, устод дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) бистарӣ карда шудааст ва  вазъи саломатии ӯ, мутаассифона,  ҳанӯз вазнин аст.

 Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  Бозор Собир  аз зумраи он аҳли илму адаби тоҷик аст, ки  дар аксар навиштаву мусоҳибаҳои худ перомуни худшиносии миллӣ, эҳтиром ва ҳифзи забони тоҷикӣ, ватандўстиву ватанхоҳӣ ва ҳушёрии сиёсӣ   бисёр бадард ва дилсўзона андеша меронад. Устод Бозор ҳар куҷое буданд, ҳамеша бо ёди Ватан ва кучаҳои хоколуди зодгоҳи хеш ба сар мебурданд ва ҳеҷ як кишвари дунё натавонист муҳаббати ӯро ба Ватану зодгоҳаш кам кунад.

 Мо, кормандони АМИТ «Ховар», ҳаводорони сухани баланди устод Бозор, ки ба ашъори баргузида ва шахсияти нотакрораш эҳтироми баланд дорем, барояш аз даргоҳи  Худованд шифои комил мехоҳем. Ва мусоҳибаеро ки қаблан аз боби неъматҳои муқаддас ба мисли ватандӯстӣ ва Истиқлолу Ваҳдати миллӣ бо  шоири маҳбуб анҷом додем ва 13 июни соли 2016 дар сомонаи мо чоп шуда буд, бо каме тағйирот пешниҳоди хонандагон ва ҳаводорони ашъори дилпазираш мегардонем.

АМИТ «Ховар»:   Истиқлол —  ин орзуву омоли деринаи мардуми мо   буд. Ва  Тоҷикистони моро имрӯзҳо дар ҷаҳон ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол эътироф кардаанд. Мафҳуми «истиқлол» аз нигоҳи Шумо?

Бозор Собир: Воқеан ҳам истиқлол орзуву омоли садсолаи мардуми тоҷик буд, бахусус аҳли зиёи кишвар. Барои ба истиқлол расидан ва мақоми забони давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ насли замони мо бисёр талош ҳам кард. Вале дар солҳои аввали ба истиқлол расидан моро фиребу гумроҳ карданд, ба майдонҳо кашиданд, бародар бо бародар даст ба гиребон шуд. Ман борҳо гуфтам, боз ҳам мегӯям, ки моро фиреб доданд, мо ки саводи дурусти сиёсӣ надоштем, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтодем. Акнун ин мардум дигар таҷрибаву сабақ гирифтаанд, бояд ҳушёртар бошанду дубора ба доми ин гунаҳо, ки дар шакли нав ва бо сенарияҳои тоза зуҳур кардан мехоҳанд,  наафтанд, бахусус ҷавонон.

Тоҷикистон дар муқоиса бо давлатҳои ҳамҷинси хориҷиаш пешрафтатарин ҷумҳурист. Алалхусус дар соҳаи маорифу маданият, ободонӣ ва озодии занон. Озодии занони моро, ки асосан мероси Шӯравист, занони Шарқи исломӣ орзу ҳам карда наметавонанд.

Ва ҳамин, ки иншооти бузурги аср, ифтихори миллати тоҷик-НБО-и «Роғун» ба кор дарояд ва корхонаҳои саноатӣ боз ҳам бештар бунёд шаванд, истиқлоли мо комилтар мешавад.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо, чӣ гуна метавон ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар вуҷуди инсонҳо, бахусус насли ҷавони мо бедор кард?

Бозор Собир: Миллате, ки худашро намешиносад, поруест, ки дар он миллатҳои дигар месабзанд. Худшиносӣ аввал дар оила ва мактаб, сониян дар муҳит тарбият мешавад. Вале аз бунёд масъулияти муқаддаси давлатист. Агар худи давлат намуна набошад, коре карда намешавад.

БОМЖ-и амрикоӣ бо ранги зард, бо ишками варамида, бо дандонҳои шикаставу рехта дар ҷилу ҷанда печида, дар зери кӯпрук ё дар таги барфу борон,  дар паркҳо зиста, бо Амрико мефахрад. Чунки ӯ бо ҳамин ифтихор таваллуд шудааст. Падару модар ва мактаб сарчашмаи бедории миллӣ ва ватандӯстӣ барои насли ҷавонанд. Вақте худи падар ё модар дар тинат худшинос ё худогоҳ нест, магар аз насли  ӯ бӯи умед аст? Ҳаргиз не! Агар аз наслу аҷдоду авлодаш огаҳ бошад, ба фарҳанги либоспӯшиву ахлоқи миллатҳои дигар пайравӣ мекунад? Аз либоспӯшии сиёҳи ғайритоҷикии бархе аз занон ва тозаву озода набудани сару рӯйи ҷавонписарони кишвар, ки гоҳ-гоҳе мебинам,  бисёр афсус мехӯрам, ки чаро чунин бошад? Чаро занони кишварҳои ҳамсоя орзуи озодии занони тоҷикро мекунанду инҳо баръакси ҳол амал мекунанд? Ин аст магар худшиносӣ? Не, албатта. Аҳли зиёи кишвар, равшанфикрон, омӯзгорон ва албатта ҷомеаи шаҳрванди бояд якҷо ва самаранок кор кунанд, насли ҷавонро огоҳ созанд, бетараф набошанд. Танҳо сарҷамъи аст, ки мову шуморо дар ин раванди пуршиддати ҷаҳонгароӣ наҷот дода метавонад. Ҳушёри сиёсӣ ва ифтихори баланди миллӣ, ана ин аст наҷоти миллатҳо дар ҷаҳони имрӯз

АМИТ «Ховар»: Устод, баъзе бадхоҳони миллат то ба имрӯз талош доранд, ки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ поён баранд. Оё онҳо метавонанд дубора суботи кишвари моро халалдор созанд?

Бозор Собир: Мухолифини ҳукумати мавҷудаи Тоҷикистон асосан исломиҳоянд, яъне идомаи ҳамон мухолифони собиқ. Вале дониста бошанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ муваффақ нахоҳанд шуд. Қаблан тоҷикон маҳдуд буданд, дӯсту душманро намешинохтанд, вале акнун хубу бадро мешиносанд ва хеле оламу одамдида низ шуданд. Албатта,  мухолифон  талош доранд, ки бо сенарияҳои нав ба нав вориди кишвар шаванду мардумро гумроҳ созанд, вале тирашон хато мехӯрад, ин тоифа барои сарвату мансабу кисаҳои худашон кор мекунанд. Дигар онҳо на дар фикри давлатанду на дар фикри миллату мардум.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар як шеъри тозаэҷодатон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро Қаҳрамони ваҳдати тоҷикон унвон кардаед. Аз нигоҳи Шумо нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу Ваҳдати тоҷикон аз чӣ иборат аст?

 Бозор Собир: Мо ҷангандозҳоямонро мушаххасан баъд аз табаддулоти Ироқ, Либӣ, Миср ва майдонҳои Украина шинохтем. Сенарияи ин спектакли хунинро душманони дохиливу хориҷӣ навишта буданд. Марказҳояшон куҷост, медонем. Дар Сурия низ айни ҳамин фоҷеа идома дорад. «Давлати исломӣ» ҳамон лагери террористии Бин Лодан аст, ки дар вақташ бар зидди СССР барпо карда буданд.

Агар дар Тоҷикистони мо низ ҳамон солҳо мисли Абдуллоҷонов ва Мулло Абдулло барин нафарон сари қудрат меомаданд, ҷумҳурӣ кайҳо аз даст рафта буд. Яке далкаки сионизм, яке далкаки пантуркизм ва дигаре далкаки панисломизм будааст. Вақт нишон дод.

Хайрият ҷумҳурӣ ба дасти шахсе расид, ки ба ҳеҷ идеологияи иртиҷоӣ олуда нест. Яъне, нақши барҷастаи Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳама дар он аст, ки ҷумҳуриро бехалал нигоҳ дошта тавонист. Як ҷавони 40-сола аз байни мардум баромад, мардумӣ буд воқеан, дӯсташ доштанд, сарвар интихобаш карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардум бисёр эҳтиром мекунанд, чунки бисёр як инсони хоксору оддӣ ва раиятпарвар аст.  Ӯ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳазор бор арзандаю сазовор аст.

Ман орзуи онро дорам, ки дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамеша сулҳу суббот пойдор бимонад, дигар ҳеҷ гоҳ мардуми ранҷдидаи ман ҷангу хунрезиро набинад, дигар ҳеҷ гоҳ модари тоҷик ашк нарезад. Осмони софу беғубори Тоҷикистони азиз ҳамеша ҳамин гуна офтобӣ бошад.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур устод барои сӯҳбати самимӣ.

                                                                 Сайрам БАҚОЗОДА,

АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 6, 2018 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
«НАБЗИ РОҒУН». Таҳти ин унвон китоби кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба нашр расид
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
Ҳайати Шурои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Дар шаҳри Абузабӣ масъалаи ҷалби маблағҳо барои лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» баррасӣ гардид
Ҳайати энергетикҳои Қирғизистон бо иншооти азим- Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолияти занон назаррас аст
Ҳайати Қирғизистон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид