Дар Бохтар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори вилояти Хатлон баргузор гардид

Апрель 25, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз  дар шаҳри Бохтар  ҷаласаи Шӯрои  ҳамоҳангсозӣ  оид  ба  пешгирии сӯйистеъмоли маводи  нашъадори  вилояти  Хатлон  таҳти  роҳбарии  Раиси   Шӯрои мазкур,  муовини  раиси  вилояти  Хатлон  Махфират  Хидирзода   баргузор  гардид.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, муовини  раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки мубориза  бо  нашъамандӣ ва гардиши  гғайриқонунии  он   кори дастаҷамъӣ буда, дар самти тарғибу ташвиқи пешгирии нашъамандӣ корро ҷоннок бояд намуд.

«Дар  ин  самт  ҳамкориҳо  амалӣ  бошанд  ва  маводҳо  оиди  пешгирӣ,    буклету  рекламаҳо  бо  ҷалб   ва   иштироки  фаъоли  мутахасисони  соҳаи  тандурустӣ   ба  роҳ  монда  шаванд. Инчунин барои омода намудани муттахасион — наркологҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд», — зикр намуд  М. Хидирзода

Дар  ҷаласа ҳамчунин котиби  Шӯрои  ҳамоҳангсозии  вилоят  дар бораи  натиҷаи  санҷиши  фаъолияти Шӯроҳои  шаҳри  Левакант ва ноҳияи  Дӯстӣ ҳисобот дод.

Ҳамзамон  дар  ҷаласа  ахбороти сардори Раёсати телевизион ва радиои  вилояти  Хатлон  ва сармуҳаррирони  нашрияҳои вилоятӣ  вобаста  ба  татбиқи  “Стратегияи  миллии  мубориза бар  зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2013-2020”, инчунин ахбороти Маркази  наркологии  вилояти Хатлон  дар  самти ҳамкорӣ  бо  ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  шунида  шуд.

 

Апрель 25, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид